Дар толори Зарандуди Кохи “Сомон” дар доираи Конференсияи дуюми сатҳи баланди байналмилалии Даҳсолаи амал “Об барои рушди усувор, солҳои 2018-2028” бо ибтикори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” чорабинии параллелӣ таҳти унвони “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо” доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҷамъомад ин пеш аз ҳама ҷалби бонувон ба омӯзиши пиряхҳо, сайқал додани донишу маҳорати занон барои пешбурди тадқиқоти илмӣ-бунёдӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш, ҳифзи пиряхҳо ва инчунин эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, муайян намудани роҳҳои нави инноватсионӣ дар масъалаи омӯзиш ва тадқиқоти пиряхҳо аз тарафи занон, шинос шудан бо дастовардҳои занони пиряхшиноси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” мебошад.
Чорабинии мазкур бо иштироки кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон”, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид.
Директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, профессор Абдулҳамид Қаюмов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, перомуни нақш ва саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо сухан ронда, қайд кард, ки роҳи интихобкардаи занони мо заҳмату ҷасорат ва сабру тоқатро талаб мекунад. Аммо сарфи назар аз ҳама монеаҳо имрӯз занони маркази мазкур дар баробари мардон дар таҳқиқоти илмӣ ва бунёдии пиряхҳои баландии зиёда аз 400 метр фаъолона иштирок мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки тамоми дастовардҳое, ки занони мо дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ба даст овардаанд, ҳама ба шарофати дастгирии Роҳбарияти Ҳукумати кишвар аст. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ташаббуси занонро дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамзамон ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои гуногун тадбирҳои муфид меандешанд. Дар рафти баргузории чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва инчунин бонувони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар мавзӯъҳои мухталиф оид ба масоили пиряхҳо маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Сипас, ходими илмии марказ Бахтибекова Насиба дар мавзӯи “Ташаббусҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим” маърӯза намуда, таъкид кард, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар баробари тағйирёбии иқлим заминаи мусоид барои ноил шудан ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Баъдан, ходими пешбари маркази номбурда Дилором Қаюмова дар мавзӯи «Дурнамои гидрологияи изотопӣ дар омӯзиши пиряхҳо» бо маърӯза баромад карда иброз дошт, ки «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо МАГАТЭ (Агентии байналмилалии энергияи атомӣ) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як тарҳи нави лоиҳаи миллиро амалӣ мекунанд, ки ҳадаф аз он омӯзиши вазъи раванди таназзули пиряхҳо дар Тоҷикистон ва равшан кардани равандҳои гидрологӣ ва истифодаи абзорҳои изотопӣ дар омӯзиши пиряхҳо мебошад. Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ ҳамзамон бонувони муассисаи мазкур Камолова Дилбар дар мавзӯи «Омӯзиши ҳолати пиряхҳо дар болооби дарёи Наукрум дар ҳавзаи дарёи Сурхоб», Нилуфар Шарипова бо маърӯза дар мавзӯи «Миқдори металлҳои вазнин дар намунаҳои пиряхи №507» , инчунин Адлинисо Бокизода «Нақши пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ташаккули захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ» Адолат Давлятова дар мавзӯи «Вазъи имрӯзаи яхбандии шохоби Обихингоб дар ҳавзаи дарёи Батрут» ва Хадича Саидзода дар мавзӯи «Тадқиқоти оби равон, вазъияти пиряхи пуртаъсири Бурс, хавзаи Обихингоб» бо маърузахои пурмӯҳтаво баромад намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад иштироккунандагони чорабинӣ фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби занон баён намуда, қайд карданд, ки омӯзиши пиряхҳо воқеан ҳам кори басо заҳматталаб буда, барои бонувони муассиса ҷиҳати бурдани тадқиқоти илмӣ дар омӯзиши пиряхҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар охири чорабинии параллелӣ директори муассиса профессор Абдулҳамид Қаюмов ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ барои иштирокашон изҳори сипос намуда, ба бонувони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар самти ташкил ва баргузории ин чорабинии судманд изҳори сипос намуд.