Рузи байналмилалии занон ва духтарон дар илм

9-уми феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ҳамоиши илмии Анҷумани “Занони пиряхшинос” дар якҷоягӣ бо клуби “Хонуми ядроӣ”-и Ангентии амнияти химиявӣ, биологӣ  радиатсионӣ ва ядроии АМИТ  дар мавзӯи «Саҳми занон дар илми муосир” бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм баргузор гардид.

         Хотиррасон намудан зарур аст, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 11 феврали соли 2012 дар саросари олам таҷлил карда мешавад. 

Дар кори ҳамоиш роҳбари Анҷумани “Занони пиряхшинос”, ходимипешбари озмоишгоҳи сифати об ва санитарияи Маркази омӯзиши пиряхҳо Дилором Қаюмова, ноиби роҳбари шуъбаи миллии клуби “Хонуми ядроӣ”-и Ангентии амнияти химиявӣ, биологӣ  радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, доктори илмҳои тиб, Шарофова Мижгона, инчунин дигар аъзоёни Анҷумани “Занони пиряхшинос” ва клуби “Хонуми ядроӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти кори ҳамоиш ҳамзамон намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд.

 

Чорабиниро роҳбари Анҷумани ”Занони пиряхшинос” Дилором Қаюмова ҳусни оғоз бахшида, нахуст тамоми иштирокчиёнро ба рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм табрик намуда, қайд кард, ки зани тоҷик нерӯи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, дар бунёд ва пешрафти ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши босазо дорад. Ҳамзамон  оид ба рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм  маълумоти муфассал дода, иброз намуд, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгириҳои пайвастаашон ба занон ва бонувон Анҷумани «Занони пиряхшинос»-ро ташкил намуда, бонувони мутахассисро, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳо машғуланд, муттаҳид намудааст. Анҷумани мазкур соли 2018 бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани нақши занон дар омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст. Анҷуман фаъолияти худро ба ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо, ташаккули донишу малакаи занон оид ба гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ, оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо равона намуда, инчунин барои муайян кардани роҳҳои нави инноватсионии омӯзиши пиряххо аз тарафи занон ташкил шудааст. Дар рафти ҳамоиш аъзоёни анҷуман оид ба масъалаи саҳми занон дар рушд ва пешрафти илм, махсусан дар илми пиряхшиносӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво матраҳ намуданд. Бахтибекова Насиба – ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо доир ба мавзӯи “Масъалаи занон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” баромад намуда, қайд кард, ки Роҳбари давлат ташаббусҳои занони кишварро ҳамеша дастгирӣ намуда, ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда чораҳои зарурӣ меандешанд. Натиҷаи дастгириҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумат аст, ки имрӯз занони Анҷумани “Занони пиряхшинос”- и маркази мазкур дар қатори мардон дар баландии зиёда аз 4500 метр таҳқиқоти илмӣ гузаронда, дар рушд ва пешрафти илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мактаби глятсиологии занон нақши муассир  гузошта истодаанд. 

Зимни баромади худ Сангинова Гулноз – ходими илми шуъбаи озмоишгоҳи сифати об ва санитарияи муассиса қайд кард, ки  дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» нақши занон басо муҳим буда, Анҷумани “Занони пиряхшинос” бо сарварии Қаюмова Дилором ҳамарӯза аз пайи ҷустуҷӯи навовариҳо дар соҳаи илми пиряхшиносӣ ва муаррифии қудрат ва тавоноии занон, ки дар баробари мардон дар экспедитсияҳои байналмилалӣ ва дохили ҷумҳурӣ иштирок доранд, машғул мебошанд.

Давлятова Адолат – ходими илмии шуъбаи “Мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС-технология”- и марказ бобати таҳқиқоти пиряхи №157-и ҳавзаи дарёи Ғунд ва пиряхи №139-и ҳавзаи дарёи Қароқул маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Номбурда қайд кард, ки мақсад аз гузарондани ин таҳқиқот ин пеш аз ҳама муайн намудани динамикаи пиряхҳо буда, инчунин омӯхтани мушоҳидаҳои стандартии метеорологӣ  ва муайян намудани ҳолати иқлим ва шароити ҷуғрофии минтақа мебошад.

Аз баромади мазкур бармеояд, ки занони анҷуман аз монеаҳои зиёди касби интихобкардаашон наҳаросида, дар баландии 4500 метр дар баробари мардон корҳои илмӣ гузаронда истодаанд, ки ин албатта иродаю шуҷоати зиёдро талаб менамоянд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамзамон Мижгона Шарофова – ноиби роҳбари шуъбаи миллии клуби “Хонуми ядроӣ”-и Ангентии амнияти ХБРЯ аҳли нишастро бо рӯзи байналхалқии занону духтарон дар илм табрик намуда,  оиди нақши занону бонувон дар соҳаи илм баромад кард. Номбурда изҳор дошт, ки имрӯз соҳае нест, ки зани тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошад. Ин ҳам бошад бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба мо ҳамчун қишри пешбарандаи ҷомеа эътимод дошта, пайваста дастгирӣ менамоянд.

Дар баробари худ дигар аъзоёни клуби “Хонуми ядроӣ” низ оиди саҳми занон ва бонувон дар пешрафти илми муосир ва фаъолияти занони  клуби “Хонуми ядроӣ”изҳори андеша намуданд.

Дар фарҷом роҳбари Анҷуман Дилором Қаюмова барои аҳли нишаст ва махсусан ба аъзоёни клуби “Хонуми ядроӣ”-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ  радиатсионӣ ва ядроии АМИТ барои ҳамкорӣ ва дастгириашон изҳори сипос намуда, барои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба пешниҳодҳои муфиду судманд карданд.

 

ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /НИАТ «Ховар»/. Как было сообщено ранее, Генассамблея ООН 14 декабря консенсусом приняла специальную резолюцию по пятой инициативе Таджикистана в сфере воды. Согласно резолюции, 2025-й год объявлен Международным годом сохранения ледников, начиная с 2025-го года и в последующем, 21 марта ежегодно будет отмечаться как Всемирный день ледников, кроме того в 2025 году в Душанбе пройдёт Международная конференция высокого уровня по защите ледников. «Это исторически важное событие для нашей страны», — заявила ведущий научный сотрудник «Лаборатории качества воды, изотопов и санитарии» Центра изучения ледников Национальной академии наук Таджикистана, Председатель ассоциации «Женщины и ледники» Дилором КАЮМОВА.

«Отрадно быть в эпицентре этого грандиозного события. Для всей нашей страны, для каждого отдельного гражданина это очень знаменательный день. Принятие этой резолюции открывает новые горизонты сотрудничества с партнёрами по развитию. Таджикистан доказал свою уникальную значимость в мировом сообществе и важность водных инициатив», — поделилась своим мнением в беседе с нами сотрудница Центра изучения ледников.

Как известно, по поручению Основателя мира и национального единства — Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона при Национальной Академии наук Таджикистана действует Центр изучения ледников. Таджикские ученые уже не первый год проводят важные фундаментальные исследования по изучению ледников республики с использованием самых современных инновационных методов.

«Находясь у истоков формирования этого центра мне очень близок и понятен весь объем труда и усилий, вложенный в этот праздник нашим многоуважаемым Президентом Эмомали Рахмоном, праздник, который ежегодно будет отмечаться 21 марта как Всемирный день сохранения ледников. Благодаря усилиям Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона и специалистов Центра изучения ледников удалось наладить взаимовыгодное сотрудничество с международными организациями, учреждениями и партнерами по развитию, усилить эффективную деятельность в направлении развития и укрепления гляциологической науки в стране», — сказала она.

Принимая во внимания все водные инициативы Лидера нации об объявлении 2025 года — Международным годом защиты ледников и по созданию специального Международного фонда защиты ледников, Центр изучения ледников принимает все необходимые меры для реализации этой резолюции.

«При поддержке Президента национальной академии наук Таджикистана Фархода Рахими, директора Центра изучения ледников Абдулхамида Каюмова в рамках проекта по взаимовыгодному сотрудничеству при поддержке МАГАТЭ в лаборатории качества воды, изотопов и санитарии уже установлено лазерное оборудование «Пикаро», которое позволяет в дальнейшем проводить исследования ледников и снежного покрова инновационными методами», — сказала ученая.

«Как председатель ассоциации «Женщины и ледники» несколько слов хотелось так же сказать, что женщины Таджикистана имеют уникальную возможность работать и участвовать наряду с мужчинами во всех фундаментальных и научных экспедициях и исследованиях, которые проводит центр в экстремальных условиях высокогорья. Мы стараемся привлекать женщин к изучению ледников, повышению их знаний и навыков в области изучения и защиты ледников», — сказала она.

Напомним, вчера по случаю принятия Генеральной Ассамблеей ООН специальной резолюции Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон в своём поздравительном послании отметил, что мировое сообщество осознаёт, что дальнейшее уменьшение и деградация источников питьевой воды на планете может столкнуть человечество с большими жизненными, социальными и экономическими бедствиями. Поэтому, мировому сообществу следует как можно скорее разработать и реализовать необходимые совместные меры для решения этих глобальных проблем. «Отрадно, что наша инициатива с осознанием ответственности была всесторонне поддержана со стороны мирового сообщества», — отметил Глава государства.

Елена БАТЕНКОВА,
НИАТ «Ховар»

ФОТО: НИАТ «Ховар»

https://khovar.tj/rus/2022/12/dilorom-kayumova-glava-assotsiatsii-zhenshhiny-i-ledniki-prinyatie-oon-rezolyutsii-po-initsiative-prezidenta-tadzhikistana-otkryvaet-novye-gorizonty-sotrudnichestva-i-dokazyvaet-eyo-unikalnuyu-znachim/

 

Мулоқоти бонувони  Анҷумани «Занони  яхшинос»-и Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ бо намояндаи «Академияи илмҳои гуманитарии Бавария»-и Мюнхени Олмон Астрид Ламбрехт

17-уми июн дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар  доираи фаъолияти Ассотсиатсияи “Занони яхшинос” мулоқот бо намояндаи «Академияи илмҳои гуманитарии Бавария»-и Мюнхени Олмон Астрид Ламбрехт доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ амалигардонии барномаи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда,  аз ҷониби Анҷумани «Занони яхшинос»-и Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» доир ба ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо, сайқал  додани дониш ва маҳорати занон барои пешбурди тадқиқотӣ илмӣ-бунёдӣ, инчунин муайян намудани роҳҳои нави инноватсионӣ дар масоили омӯзиш ва тадқиқоти пиряхҳо пайваста чорабиниҳои гуногун  гузаронда мешаванд.

Зимни мулоқот олим ва глятсиологи олмонӣ Астрид Ламбрехт аз таҷриба ва донишу маҳорати  худ дар пешбурди кори илмӣ мухтасар  сухан ронда, қайд кард, ки тайи 15 соли охир ба таҳқиқи пиряхҳои Осиёи Марказӣ машғул аст. Мавсуф қайд намуд, ки омӯзиш ва таҳқиқи пиряхҳои Осиёи Марказӣ, бахусус пиряхҳои Тоҷикистон барои боз ҳам вусъат додани кори илмиаш мусоидат хоҳанд кард.

Чорабинии мазкур барои  аз худ намудани малакаву донишҳои нави зарурӣ ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо ҳамаҷиҳата кӯмак намуда, инчунин ба якчанд масъалаҳои муҳимми омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби занон заминаи хуб хоҳад гузошт.

Мулоқот бо олим-глятсиологи олмонӣ Астрид Ламбрехт хеле хотирмон баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки гузарондани ин гуна мулоқотҳои судмандро бо шарикони рушд ва олимони хориҷи кишвар дар оянда боз ҳам бештар вусъат бахшад.