Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд.

Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он  ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Тавре, ки устоди зиндаёд Бозор Собир гуфтаанд:

      …Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

     То наафтанд аз забони хештан.

     Дар сари сад дор   ҷон  доданд шоирҳои ӯ,

     То наафтад бар замин қадри сухан

Лозим ба тазаккур аст, ки дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт.

Баъди  Инқилоби октябр ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Аз ҷумла, тавлиди асарҳои безаволу  мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ба монанди “Одина”, “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Дохунда”, “Ёддоштҳо” ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, гулшани фарҳанги миллатро боз ҳам зебу зиннат бахшиданд.

Минбаъд шоирону нависандагони адабиёти муосири тоҷик аз қабили устодон Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фӯрӯзон нигоҳ доштанд. Чуноне, ки Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мӯъмин Қаноат  дар шеъри худ бо номи “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ”  таъкид намудаанд:

     …Баҳри ман танҳо забони модарист,

        Ҳамчу шири модар аст,

       Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

       Чунки меҳри модар аст.

       З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,

       Дӯст медорам варо

       Чун навозишҳои гарми модарам,

       Дӯст медорам варо.

Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ  дорад. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои  омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд. Зеро:

           Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

           Омӯхтани сад забон осон гардад.

Ҳамин тариқ, мақоми давлатӣ пайдо кардани забони модарӣ моро ба донистани нозукиҳои он ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки ба қарибӣ аз таърихи 30-юми июни соли 2021,таҳти № 268 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд. Ба ифодаи шоири ширинкалом Аскар Ҳаким:

           Аз миллату аз забони худ ёд кунед.

           Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

           То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо.

           Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲАМКОРОНИ АРҶМАНД!