Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзишии пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷиикстон” бобати татбиқи супориши Протоколи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 18 январи соли 2021 дар ҳудуди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Мавриди зикр аст, ки рӯзи шанбеи санаи 06.02.2021 аҳли кормандони Муассиса дастаҷамъона дар ҳашари умумӣ ширкат варзида, дар ободонию кабудизоркунии ҳудуди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Аз ҷониби кормандон побелу нармкунии зери ниҳолу бутаҳои сояафкан ва тозакунии ҷуйборҳои ҳудуди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иҷро расонида шуд.Ҳамзмон кормандони Муассиса ҳуҷраҳои корӣ, толор ва роҳравҳои Муассисаро аз гарду чанг тозаю хушнамо намуданд.
Маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзишии пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам чунин иқдоми некро ҷонибдорӣ намуда, пайваста дар ободонию кабудизоркунии на танҳо гирду атрофи Муассиса, балки ҳудуди ноҳияи Шоҳмансуру шаҳри Душанбе нақши муассир хоҳад гузошт.