Бо Фармоиши директори
Муассисаи давлатии
илмии «Маркази омӯзиши»
пиряхҳои АИ ҶТ”
аз 01.10.2018 №42
тасдиқ шудааст
Низомномаи
Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи»
Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» 22-уми декабри соли 2017, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162 ва Қарори Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикисто аз 23-юми апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст.
1.Муқаррароти умумӣ
1.1 Низомномаи мазкур сохтор, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои асосии Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» ки барои таҳия ва тадбиқи вазифаҳои дар наздашгузошташуда масъул ва уҳдадор мебошад.
1.2 Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи воҳиди сохтории Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон» буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» истода, дар доираи салоҳияти ҳуд масъул мебошад.
1.3 Роҳбари умумии Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи ба зиммаи мудири шуъба вогузор мегардад.
1.4 Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, фармонҳои директори Марказ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон» ки муносибатҳоро марбут ба Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи ба танзим медарорад, ба роҳбари мегирад.
- Сохтори Шуъба
2.1 Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» Раёссати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мекунад.
2.2 Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технология» бо назардошти вазифаҳои дар назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» истода ташкил карда мешавад. Шумораи воҳиди кории Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи тибқи ҷадвали бастӣ аз 17 нафар иборат мебошад; Мудири шуъба, 1 Сарходими илмӣ 1; Ходими пешбари илмӣ 2; Ходими калони илмӣ 3; Ходими илмӣ 3; Ходими хурди илмӣ 4; Лаборанти калон 3.
2.3 Мудири Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи бо фармоиши директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2.4 Ба вазифаи мудири шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технология» шахсе таъин карда мешавад, ки дорои собиқаи корӣи на камтар аз ду сол ва ё собиқаи корӣ аз руи ихтисос на камтар аз се сола дошта бошад.
- Вазифаҳои шуъба
Шуъба масъалаҳои фундаменталӣ ва амалии вобаста ба таҳия ва истифодабарии усулҳо ва технологияҳои зондиронии фосилавиро иҷро мекунад, аз ҷумла:
3.1 коркарди усулҳо, технологияҳо, ва таҳлилии воситаҳои омӯзиши сатҳи замин ва криосфера, инчунин объектҳо ва равандҳои антропогенӣ (аз ҷумла таъсири онҳо ба муҳити зист)
3.2 коркарди усулҳо ва технологияҳо оид ба таҳияи системаҳои назорати фосилавии объектҳои табиӣ ва сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва амалӣ
3.3 мониторинги вазъи муҳити зист ва объектҳои криосфери, барои омӯзиши равандҳои гуногуни табиӣ дар сайёраи Замин.
3.4 ҳалли масъалаҳои, марбут ба мониторинг ва омӯзиши эволютсияи муҳити зист ва иқлим таҳти таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ, аз ҷумла масъалаҳои идоракунии оқилонаи табиат;
3.5 таҳия, пешниҳод ва татбиқи системаҳои нав, ки ба коркарди автоматикии маълумотҳои моҳвораӣ, аз ҷумла дар доираи системаи қабули маълумот ва коркард равона карда шудаанд;
3.6 рушди системаҳои иттилоотӣ барои назорати фосилавӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амалӣ нигаронида шудааст; таҳияи усулҳо ва равандҳои нави ташкили нигаҳдорӣ, коркард ва таҳлили миқдори зиёди маълумот барои ҳалли масъалаҳои зондиронии фосилави дарозмуддат ва таҳқиқи равандҳо ва зуҳуроти гуногун.
- Самтҳои асосии фаъолияти шуъба
4.1 Таҳия ва беҳдошти системаҳои гуногуни илмӣ ва амалии иттилоотии мониторинги фосилавӣ;
4.2 таҳияи методҳо, алгоритмҳо ва таъминоти барномавии махсус барои коркарди маълумотҳои моҳвораӣ, бойгонӣ, таҳлил ва паҳнкунии онҳо;
4.3 ташкил ва нигоҳдории бойгонии маълумотҳои моҳворагӣ ва натиҷаҳои коркарди онҳо (аз ҷумла ҳаҷми калон дошта), ки барои ҳалли масъалаҳои мухталифи илмӣ ва амалӣ заруранд;
4.4 гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, машваратӣ, таҷрибавию конструкторӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва дигар корҳо дар соҳаи ташкили системаҳои тақсимшудаи иттилоот, ки асосан ба мониторинги моҳворагӣ, барои ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва амалӣ нигаронида шудаанд;
4.5 коркарди усулҳо ва таҳлили силсилаи дарозмуддати мушоҳидаҳои гуногуни объектҳои табиӣ ва сунъӣ ба манфиати ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ ва амалӣ.
4.6 корҳои зарури андешидан дар татбиқи дохилкунии технологияҳои муосири таҳияшуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4.7 тарбия ва таълими мутахассисон (асосан донишҷӯён ва аспирантҳо) оид ба самтҳои фаъолияти шуъба;
4.8 иштирок дар таҳия ва баргузоркунии конфронсҳо ва семинарҳои вобаста ба мавзӯи шуъба;
4.9 иштирок дар семинарҳо, мулоқотҳо ва конфронсҳои Чумҳурияви ва байналмилалӣ;
4.10 тайёр кардани мақолаҳои илмӣ.
- Ҳуқуқҳои Шуъба
5.1 Аз кормандони Шуъба оид ба масъалаҳое, ки бо салоҳияташон дохиланд, маълумот талаб намоянд.
5.2 Бо тартиби муқарраршуда маҷлисҳо ва семинарҳо даъват намояд, инчунин дар маҷлисҳое, ки директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикисто» ва роҳбарони дигар сохторҳои он дар масъалаҳои Марказ мегузаронанд, иштирок намояд.
5.3 Аз кормандони шуъба ҳисоботи муқарраргардида, маълумот ва маводҳоеро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи Шуъбаи «Мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи гузошташуда бармеояд, талаб намояд.
5.4 Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони шуъба санҷиш гузаронида ва номзадҳоро барои бозомӯзи касб пешниҳод намояд.