Сулҳ яке аз арзишҳои бунёдии тамаддуни башарӣ буда, асоси пойдории давлат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи инсон маҳсуб меёбад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҷомеае, ки аз сулҳу субот бархӯрдор аст, метавонад барои рушди илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварад. Баръакс, низоъҳо ва ҷангҳо боиси аз байн рафтани арзишҳои моддӣ ва маънавӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, афзоиши сатҳи камбизоатӣ ва коста гардидани амнияти миллӣ ва байналмилалӣ мегарданд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи сулҳу амният аҳамияти бештар касб кардааст. Таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва низоъҳои сиёсӣ собит месозанд, ки ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо тавассути ҳамкории созанда, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва густариши фарҳанги сулҳ имконпазир аст.
Дар ҳамин замина, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти бузурги сиёсӣ ва байналмилалӣ дорад. Қабули ин ташаббус на танҳо эътирофи нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ мебошад, балки далели он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ мекунад.
Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста пешниҳодҳои дорои аҳамияти байналмилалиро дар самтҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ пешниҳод намуда, онҳоро бо дастгирии аксари давлатҳои ҷаҳон амалӣ гардонидааст.
Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ ҳолатест, ки дар он ҷомеа дорои адолати иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва имконияти рушди устувор мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ бояд дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа — аз низоми маориф то иқтисод, аз фарҳанг то сиёсати давлатӣ — татбиқ гардад.
Яке аз ҳадафҳои асосии Даҳсола мазкур ташаккули фарҳанги сулҳ мебошад. Фарҳанги сулҳ маҷмӯи арзишҳо, дониш ва рафторест, ки инсонро ба эҳтироми дигарон, ҳалли осоиштаи баҳсҳо, рад намудани хушунат ва густариши ҳамкорӣ раҳнамун месозад. Барои татбиқи ин ҳадаф нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои давлатӣ хеле муҳим мебошад.
Дар ин раванд ҷавонон мақоми махсус доранд. Имрӯз қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо на танҳо ворисони давлатдорӣ, балки иштирокчиёни фаъоли рушди минбаъдаи ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ яке аз самтҳои асосии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мебошад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти сулҳро бо далелҳои воқеӣ исбот кардааст. Пас аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ кишвар тавонист марҳилаи нави рушди худро оғоз намояд. Дар давоми солҳои охир садҳо муассисаи таълимӣ ва тандурустӣ бунёд гардида, роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ сохта шуданд. Пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ низ маҳз дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ имконпазир гардид.
Хулоса, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” саҳми арзишманди кишвари мо дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад. Ин иқдом аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳалли осоиштаи масъалаҳои мубрами замони муосир даъват мекунад. Ҳифзи сулҳ вазифаи танҳо давлатҳо нест, балки масъулияти ҳар як инсон мебошад. Танҳо бо муттаҳидии ҷомеа, эҳтироми арзишҳои инсонӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ метавон ояндаи осоишта ва рушди устувори наслҳои имрӯзу фардоро таъмин кард.
Лаборанти калони шуъбаи
Экспедитсионӣ ва тадқиқоти
равандҳои криосферии Институти
омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ
Оймаҳмадзода Ҷ.

