29 июли соли 2026 дар доираи Идомаи мурифии «Даҳсолаи байналмиллалии амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ бо иштироки олимону мутахассисон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Таҳлили изотопии об бо истифода аз анализатори Picarro l2140-i» баргузор гардид. Маърӯзаи ходими илмӣ Сакина Мамадшозода ба истифодаи изотопҳои устувори об дар таҳқиқоти пиряхҳо ва захираҳои обӣ равона гардмда буд.
Ҳадафи семинар баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии кормандони илмӣ оид ба истифодаи изотопҳои устувори об (δ18O ва δ2H) барои таҳқиқоти гидрологӣ, омӯзиши пиряхҳо ва криосфера ва мониторинги захираҳои обӣ буд.
Дар рафти семинар масъалаҳои назариявии таҳлили изотопии об, аҳамияти он дар муайян намудани пайдоиши об, омӯзиши гардиши табиии об ва арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин иштирокчиён бо тартиби интихоби нуқтаҳои гирифтани намуна, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, тамғагузорӣ ва омода намудани онҳо барои таҳлил шинос шуданд.
Қисми амалии семинар ба омӯзиши принсипи кори анализатори Picarro L2140-i, калибровкаи таҷҳизот, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва иҷрои таҳлили изотопии намунаҳои об бахшида шуд. Дар анҷом натиҷаҳои таҳлил муҳокима гардида, аҳамияти истифодаи онҳо дар таҳқиқоти пиряхҳо, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим таъкид карда шуд.
Тибқи маводи презентатсия, дониш ва малакаҳои бадастомада дар фаъолияти минбаъдаи озмоишгоҳи «Таҳлили кимёвии барф ва ях» инчунин таҳқиқоти илмии Институт истифода хоҳанд шуд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин семинарҳо барои рушди таҳқикоти илмӣ оид ба омузиши пиряҳо ва криосфера, тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ, пешбурди илми криосфера ва мутахассисони соҳа ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об аҳамияти муҳими илми доранд.




