Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои асосии рушди ҷомеа ва давлатро муайян намуд. Қабули Конститутсия дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба шумор рафта, ифодаи азму иродаи халқи Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овард. Тоҷикон ҳанӯз аз умқи таърих дорои фарҳанг, китоб ва нобиғаҳои сатҳи ҷаҳонӣ буда, ки то ба имрӯз аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ дошта, моро водор месозад, ки аз дастовардҳои ниёгон илмҳо гирифта, барои ташаккули Тоҷикистони азиз, ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош намоем. Ҳангоми қабули Конститутсияи дар мундариҷаи он аз ҷумла омадааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.
Сарвари Тоҷикистон бо зикри аҳаммият ва зарурати ҳамоҳангсозии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба равиши судманди ислоҳоти конститусионии Тоҷикистон асос гузошт, ки яке аз заминаҳои бисёр муҳимми истиқболи ҷаҳонии кишвари мо гардид.
Аз ҷониби дигар, Конститутсия дар айёме қабул шуд, ки оташи зиддият ва муқовимати неруҳои мухталифи мухолифон ҳанӯз фурӯ нанишаста буд ва сохтори сиёсиву низоми иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳоли таҷдиду ташаккул қарор дошт. Танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия, ки талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат дар роҳандозии сулҳу оштӣ ба марзи фарҷоми мантиқии худ расид, мамлакат дар ҳама бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии худ ба давраи сифатан нави пешрафту таҳаввул ворид гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии давлат ва Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар ҷараёни рушди давлатдорӣ ва такмили низоми ҳуқуқӣ ба Конститутсия се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо бо мақсади такмили асосҳои конститутсионӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба талаботи рушди ҷомеа ва таҳкими низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд. Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Қодиров Ҳалим -ходими хурди илмии Муассисаи давлатии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.


