5 августи соли 2026 дар доираи татбиқи чорабиниҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера (2025–2034)» дар толори маҷлисгоҳи Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Таъсиррасонии антропогенӣ ба муҳити зисти табиӣ ва пайомадҳои он» баргузор гардид. Дар кори семинар олимон, кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо маърӯзаи асосӣ ходими хурди илмӣ Ёрова Бибигул баромад намуда, мавзӯи «Таъсири омилҳои антропогенӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ»-ро муаррифӣ кард. Дар маърӯза зикр гардид, ки рушди босуръати фаъолияти инсон, аз ҷумла саноатикунонӣ, афзоиши нақлиёт, ифлосшавии ҳаво, об ва хок, буридани ҷангалзорҳо ва зиёдшавии партови газҳои гулхонаӣ аз омилҳои асосии тағйирёбии муҳити зист ба ҳисоб мераванд.
Қайд карда шуд, ки таъсири омилҳои антропогенӣ боиси гармшавии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани захираҳои оби ширин, тағйир ёфтани низоми гидрологии дарёҳо ва зиёд шудани хатари офатҳои табиӣ мегардад. Барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди захираҳои обии минтақа аз пиряхҳои он ташаккул меёбанд, омӯзиши ин равандҳо аҳамияти стратегии илмӣ ва амалӣ дорад.
Ҳамчунин дар маърӯза масъалаҳои таъсири ифлосшавии муҳити зист ба саломатии аҳолӣ баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки беҳтар намудани сифати ҳаво, об ва муҳити зист барои пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Дар муҳокимаи семинар иштирокчиён оид ба зарурати тақвияти мониторинги муҳити зист, омӯзиши мунтазами ҳолати пиряхҳо ва захираҳои обӣ, истифодаи технологияҳои муосири таҳлилӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин зарурати густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ барои истифодаи устувори захираҳои табиӣ таъкид гардид.
Дар анҷоми семинар қайд карда шуд, ки омӯзиши таъсири омилҳои антропогенӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги доимии муҳити зист яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ буда, барои ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳамияти муҳим дорад.




