Санаи 06.10.2026 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши пиряҳҳои АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ииштироки кормандон ва муҳаққиқони институт баргузор гардид. Чорабинии мазкурро раиси ташилоти ибтидоии “Яхшинос” Раҳмонзода Рамазон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Зимни баромади худ Раҳмонзода Р. таъкид намуд, ки “Рӯзи забони давлатӣ” яке аз санаҳои муҳими фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба шумор рафта, аҳаммияти забонро ҳамчун рукни асосии ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон инъикос менамояд. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих ҳамчун воситаи нигоҳдории мероси маънавӣ, фарҳанг, адабиёт ва хотираи таърихии миллат нақши бузург бозида, барои ташаккул ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи муҳим фароҳам овардааст. Ҳамзамон баромадкунандагони дигар қайд намуданд, ки дар шароити давлатдории миллӣ забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва низоми идоракунии давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз, рушди минбаъда ва истифодаи дурусти забони давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ва яке аз омилҳои пойдории давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар фарҷоми семинари илмӣ саволу ҷавобҳоисудманд сурат гирифта, таъкид гардид, киэҳтироми забони давлатӣ, эҳтиром ба фарҳангимиллӣ, мероси таърихӣ ва арзишҳои маънавиимиллат буда, барои таҳкими худшиносии миллӣзаминаи устувор фароҳам меорад. Забони давлатӣҳамчун падидаи муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дарҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа варушди давлатдории миллӣ нақши калидӣ дорад. Ҳифз ва рушди забони давлатӣ на танҳо вазифаифарҳангӣ, балки масъулияти шаҳрвандӣ ва омилимуҳими пойдории истиқлолияти давлатӣ вадавлатдории миллӣ мебошад.





