Бо дастгирии роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бахусус президенти Академия, академик Хушвахтзода Қ.Х., ва дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиши кӯлҳо бо усули батиметрия ва таҳлили моҳворавӣ бо InSAR» ташкил карда шуд.
Ҳадафи асосии курси омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои назариявию амалии мутахассисон дар самти омӯзиши кӯлҳо, азхуд намудани усулҳои муосири батиметрӣ ва такмили таҷрибаи гузаронидани корҳои саҳроӣ барои муайян намудани хусусиятҳои морфометрии қаъри кӯлҳо мебошад. Ин усул дар омӯзиши захираҳои обӣ, арзёбии ҳолати кӯлҳо ва таҳқиқи равандҳои гидрологӣ, аз ҷумла кӯлҳои пиряхӣ, аҳаммияти муҳим дорад.
Марҳилаи якуми курс аз 9 то 11 октябри соли 2026 дар шакли корҳои таҳқиқотии саҳроӣ гузаронида шуд. Дар ин марҳила иштирокчиён бо тарзу усулҳои амалии омӯзиши кӯлҳо, хусусиятҳои гузаронидани ченкуниҳои батиметрӣ ва ҷамъоварии маълумоти зарурӣ дар шароити саҳроӣ шинос гардиданд. Корҳои саҳроӣ барои ба даст овардани таҷрибаи амалӣ ва беҳтар намудани малакаҳои истифодаи усулҳои муосири ченкунӣ замина фароҳам оварданд.
Марҳилаи дуюми курс аз 12 то 16 октябри соли 2026 дар бинои Институт идома дорад. Дар доираи ин марҳила масъалаҳои назариявӣ ва амалии омӯзиши кӯлҳо бо усули батиметрия, коркард ва таҳлили маълумоти ҷамъоваришуда, муайян намудани чуқурии кӯлҳо ва таҳияи маълумоти батиметрӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин, ба аҳаммияти истифодаи натиҷаҳои таҳқиқот дар арзёбии хусусиятҳои морфометрии кӯлҳо ва омӯзиши равандҳои гидрологӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Гузаронидани чунин курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва касбии мутахассисон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таҳқиқотӣ ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ бо шарикони рушд мусоидат менамояд. Натиҷаҳои он метавонанд дар таҳқиқоти минбаъдаи кӯлҳои Тоҷикистон, бахусус кӯлҳои пиряхии минтақаҳои баландкӯҳ, истифода шаванд.
Ташкили чунин чорабиниҳои омӯзишӣ қадами муҳим дар самти рушди таҳқиқоти илмӣ, такмили усулҳои мониторинги объектҳои обӣ ва густариши имкониятҳои Институт дар омӯзиши равандҳои гидрологӣ ва криосферӣ ба ҳисоб меравад.







