17 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои илмии Институт баргузор гардид.
Дар ҷаласа Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институт дар нуҳ моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои илмӣ, роҳбарони сохторҳои илмӣ, мудирони шуъбаҳо ва озмоишгоҳҳо, инчунин кормандони илмии Институт иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера» Раҳмонзода Рамазон оғоз намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институт дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ кард. Сипас, сухан барои пешниҳоди ҳисоботи нуҳмоҳа ба муовини директор оид ба илм ва таълим Саидзода В.Я., дода шуд.
Дар ҳисоботи пешниҳодгардида таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмии кормандони Институт ба таҳкими заминаи таҳқиқоти илмӣ, рушди корҳои илмию таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ равона гардидааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2026 олимони Институт дар маҷаллаҳои байналмилалии ба пойгоҳи Scopus шомилбуда 9 мақола, дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва пойгоҳи РИНС 23 мақола, дар маводи конференсияҳои илмӣ 35 мақола, дар нашрияҳои илмӣ-оммавӣ 57 мақола ба табъ расонидаанд. Инчунин, 3 монография ба нашр расидааст. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ 127 маводи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонида шудааст.
Мавзуъҳои асосии корҳои илмии нашршуда ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист, омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, инчунин дигар масъалаҳои мубрами соҳаи криосфера бахшида шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ олимони Институт як қатор таҳқиқоти илмиро анҷом доданд. Аз ҷумла, тағйирёбии масоҳати як қатор пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ, омӯзиши тавозуни массаи пиряхҳо, таҳқиқоти гидрометеорологӣ, гидрохимиявӣ ва изотопӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон, хусусиятҳои интиқоли атмосферавии чангу ғубор ва металлҳои вазнин ба муҳити пиряхӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати илмии ҷомеа, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва тарғиби дастовардҳои олимони Институт, кормандони он дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ 68 маротиба баромад намуданд.
Дар самти ҳифзи моликияти зеҳнӣ низ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, ду нафар корманди Институт ба гирифтани патенти Авруосиёӣ ноил гардиданд.
Айни замон дар Институт татбиқи ду лоиҳаи фармоишии илмӣ идома дорад. Яке аз онҳо ба таҳия ва коркарди феҳристи Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои инноватсионии геоиттилоотӣ равона гардида, лоиҳаи дигар ба омӯзиши таъсири чангу ғубор ба обшавии пиряхҳои Тоҷикистон, дар мисоли пиряхҳои ҳавзаи Ховаркӯл ва дарёи Ғунд, бахшида шудааст.
Татбиқи лоиҳаҳои мазкур барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи омӯзиши пиряхҳо ва криосфера, рушди таҳқиқоти илмӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амал аҳаммияти муҳим дорад.
Дар идомаи ҷаласа аъзои Шӯрои илмӣ ва иштирокчиён оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институт дар нуҳ моҳи соли 2026 фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими фаъолияти нашриявӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби кормандон ба таҳқиқоти илмии амалишаванда ва татбиқи васеи натиҷаҳои таҳқиқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






