Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба тадбиқи Қатъномаи СММ оид ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, ба хусус дар минтақаҳои кӯҳӣ” ва нақшаи баргузории экспедитсияҳои Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Донишгоҳи Фрибург ва Сюурихи Швейтсария давоми моҳи августи соли 2026 дар пиряхҳои №139 (Зулмарт), №3 ва №457-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон экспедитсияи байналмилалии комплексии илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шуд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои муҳими пиряхии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои шумораи зиёди пиряхҳо мебошад. Пиряхҳои ин минтақа дар ташаккул ва танзими захираҳои обии ҳавзаҳои дарёҳои кишвар нақши муҳим дошта, ҳамчун нишондиҳандаҳои ҳассоси тағйирёбии иқлим аҳамияти хос доранд. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво омӯзиши ҳолати кунунӣ, динамикаи тағйирёбии масоҳат ва ҳаҷм, инчунин мувозинати массаи пиряхҳо яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ба ҳисоб меравад.
Дар доираи экспедитсияи мазкур дар пиряхҳои №139 (Зулмарт), №3 ва №457 корҳои комплексии саҳроӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири гидрологӣ, метеорологӣ ва глятсиологӣ ба роҳ монда шуданд. Ҳадафи асосии тадқиқотҳо муайян намудани ҳолати имрӯзаи пиряхҳо, арзёбии равандҳои аблятсия ва ҷамъшавии барф, омӯзиши тағйирёбии сатҳи пиряхҳо, инчунин ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ барои мониторинги дарозмуддати онҳо мебошад.
Зимни корҳои саҳроӣ дар сатҳи пиряхҳо ченкуниҳои глятсиологӣ гузаронида шуда, нуқтаҳои назоратӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои мониторинги тағйирёбии сатҳи пиряхҳо муайян ва истифода карда шуданд. Ҳамчунин барои муайян намудани суръати обшавии сатҳи пирях ва ҳисоб намудани мувозинати массаи онҳо корҳои марбут ба омӯзиши аблятсия ва ҳолати барфу фирн анҷом дода шуданд.
Дар рафти экспедитсия инчунин корҳои гидрологӣ дар ҷараёнҳои обӣ ва дарёчаҳои пиряхӣ гузаронида шуда, нишондиҳандаҳои ҷараёни об ва хусусиятҳои гидрологии минтақаҳои назди пиряхҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Дар наиҷаи тадқиқотҳои гузаронидашуда муайян гардид, ки сатҳи пиряхҳои №139 (Зулмарт) ва №457 дар қисмати абилятсиони аз 1,5 то 2м об шуда паст гардидааст.
Яке аз самтҳои муҳими экспедитсияи байналмилалӣ омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба равандҳои дохилӣ ва сатҳии пиряхҳо мебошад. Бо ин мақсад, вобаста ба шароити саҳроӣ, мониторинги ҳарорат, ҳолати қабатҳои барфу фирн ва ях, инчунин дигар параметрҳои физикии пиряхҳо анҷом дода шуда, маълумоти зарурӣ барои таҳлили минбаъдаи равандҳои тағйирёбии пиряхҳо ҷамъоварӣ гардид.
Дар маҷмӯъ, экспедитсияи байналмилалии комплекси дар пиряхҳои №139 (Зулмарт), №3 ва №457 барои ба даст овардани маълумоти нави саҳроӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ, рушди мониторинги пиряхҳо ва арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон заминаи муҳим фароҳам овард. Маълумоти ҷамъовардашуда минбаъд барои таҳлили илмӣ, таҳияи ҳисоботҳои глятсиологӣ ва муқоисаи динамикаи ҳолати пиряхҳо дар солҳои минбаъда истифода хоҳад шуд.
Мудири шӯъбаи экспедитсионӣ ва
тадқиқоти равандҳои криосферӣ Абдуллов Ҷ.Д








