Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки… “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргони иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.”
Ҷашни бостонии Меҳргон дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида, мақоми давлатӣ гирифтааст ва ҳамчун рамзи фаровонӣ, меҳнат, дӯстӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои замин бо шукӯҳ таҷлил мешавад. Дар рўзҳои ҷашнгирии ин Иди аҷдодиамон ғаллакорон, пахтакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин маҳсулотҳои истеҳсолкардаашонро ба намоиш бароварда, аз баракату файзи меҳнаташон шодиву хурсандӣ, рақсу шодкомӣ менамоянд, ки ин худ ба ғайрату матонати марди деҳқони тоҷик илҳоми навро зам менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳои истеҳсолии кишоварзон барои боз ҳам ғанӣ гардидани иқтисодиёти мамлакатамон аҳамияти калон дорад.
Месазад қайд намуд, ки Иди Меҳргон ин иди касбии кишоварзони кишвар ба шумор рафта, рушду нумў ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ, баҳри инкишофи ояндаи иқтисодиёти мамлакатамон хеле муҳим аст ва он чун таҳкурсии мустаҳками иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисстон ба талошҳои пайгирона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Меҳргон аз нав боз шукўҳу шаҳомоти тозаю навро соҳиб гардид.
Ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши он ба шоҳаншоҳҳои давраи асотирӣ ва пешдодӣ дар робита бо пайдошавӣ ва рушду нумуи кишоварзӣ ва барқароркунии тақвими кишоварзӣ нисбат дода мешавад.
Иди Меҳргон аз давраҳои қадим ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосилот қайд карда мешуд. Аз рӯи ҳисоби тақвими офтобии ориёиҳои қадим моҳи ҳафтуми сол, ки Меҳр – Офтоб номида мешуд ва тақрибан аз 22-юми сентябр то 22-юми октябр давом мекард, барои гузаронидани Иди Меҳргон мувофиқат мекард. Калимаи «меҳр» ба маънои рушноӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва гармӣ омада, дар ин рӯз кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосил сар мекарданд. Ин идро гузаштагони мо, ба монанди Иди Наврӯз ботантана ҷашн гирифта, дар ин рӯз хонаҳо ва ҳавлиҳоро тоза ва либоси идонаро ба бар мекарданд, дастурхони идонаро аз маҳсулоти навҷамъовардашуда меоростанд. Инчунин, дар рӯзи Иди Меҳргон сайругашти оммавӣ ташкил карда шуда, ҳар як нафар ба назди хешу табор ва дӯстон ба меҳмонӣ рафта, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим намуда, саломатӣ, хушбахтӣ ва осудагиро хоҳон мешуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бошукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.
Сангинова Гулноз МД«Институти омузиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ»


