Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки инро ҷанги дуюми ҷаҳон низ мегӯянд, дар таърихи башарият, аз ҷумлаи фоҷеаҳои бузургтарин ба ҳисоб меравад.
Ин ҷанг 22-юми июни соли 1941 оғоз ёфта, 1418 рӯз давом карда, дар санаи 9-уми майи соли 1945 ба анҷом расидааст.
Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 50 миллион қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки дар гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азобу машаққат гирифтор шуданд.
Гарчанде ки майдони набардҳо ва хунрезиҳо аз диёри мо –Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, сару садои ин ҷанги мудҳиш сар то асри диёри Тоҷикистонро барои ҳимояи Модар-Ватан ҳидоят мекард.
Мардуми ватандӯсти тоҷикро дар қатори миллионҳо халқҳои Шӯравӣ барои ҳимояи Ватан ба фронт сафарбар мекард, ки қисми зиёди онҳо ихтиёриён буданд. Ҳазорҳо шаҳрвандони дигар дар ақибгоҳ шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, меҳнат мекарданду тамоми маҳсулоти худро ба ҷабҳа мефиристоданд.
Ҳангоме, ки мардон ва ҷавонон ба ҷанг рафта буданд, дар ақибгоҳ, дар хоҷагии қишлоқ ҷойи онҳоро занон гирифтанд. Занон дар курсҳои кӯтоҳмуддат хонда, соҳиби касбу кори гуногун шуда, софдилона кор мекарданд. Кӯшиш мекаранд, ки ҷойи мардони ба фронтрафта, холӣ намонад.
Агарчӣ Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмон шартномаи сулҳ дошт, ӯ бе эълони ҷанг аҳдшиканона ва бераҳмона шаҳру деҳаҳои онро валангор сохта, одамонро кушта, ба пеш мерафт ва оқибат ба наздики пойтахт-шаҳри москва рафта расид.
Ҷанговарони диловари Иттиҳоди Шӯравӣ, ки намояндаи 15 ҷумҳурии иттифоқи бародар бо номи СССР аз як гиребон сар бароварда, китф ба китфи ҳамдигар истода, аз душман натарсида, соли 1943 нақшаи «Ҷанги барқвор»-и Гитлерро барбод додан два душман фаҳмид, ки хоки Иттиҳоди Шӯравиро ба осонӣ ишғол намудан аз имкон берун аст.
Зарбаи дуюми ҳалокатовари душман тобистони соли 1942 дар самти ҷанубии ҷабҳа, дар остонаи шаҳри Сталинград буд, ки 200 рӯз идома карда, чунин ҷанг то имрӯз дар ҷаҳон ҳамтои худро надорад. Оқибат ин ҷанг бо ғалаби Қӯшунҳои Шӯравӣ анҷом ёфт.
Тобистони соли 1943 ҳайати фармондеҳони немис хост, ки рафти ҷангро ба нафъи худ ҳал намояд ва Қӯшунҳои Шӯравиро дар камонаки Курск ба иҳота гирифту хост, ки онҳоро нобуд созад. Дар замин ва фазо ҷанги шаддид оғоз гардид ва оқибат фашистон бо шикасти навбатӣ рӯ ба рӯ гашта, боварии ғалабаро аз даст доданд.
Армияи Сурх дар давоми соли 1944 ба душман як қатор зарбаҳои ҳалокатвор зада, мамлакатро аз фашистони истилогар пурра озод намуданд. Ҳамчунин, як қатор давлатҳои Аврупо-Лаҳистон, Чехославакия, Булғория, Югославия, Маҷористон, руминия ва ғайраро аз дасти фашистон озод кард.
9-уми майи соли 1945 Парчами Ғалаба дар шаҳри Берлини Олмони гитлерӣ барафрохта шуд.
Аз тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон 300000 ба ҷанг рафтанд, ки 90000 барнагаштанд. Беш аз 55000 ҷанговарони тоҷик бо ордену медалҳои сарфароз гаштанд.
Номи неки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯшт нахоҳад шуд. Онҳо барои Ватан, барои бахту саодати дурахшони мо ҷангидаанд.
Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бошад!
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Ҳоҷизода Ганҷина ходими илми шуъбаи мониторинги пиряхҳо криосфера глятсиология ва ГИС-технологияи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”.