МУАЛЛИФОН: ШЕРАЛИЗОДА Н.Ш., НАВРУЗШОЕВ Ҳ.Д., САИДЗОДА С.М.,
ТАҲТИ РОҲБАРИИ ШЕРАЛИЗОДА Н.Ш.
Ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
Минтақаи пиряхии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар ҷануби системаи кӯҳии Тян-Шон, дар доманакӯҳҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст, ки шохаи қисми шарқии қаторкӯҳи Зарафшон ба ҳисоб меравад. Баландии максималӣ дар ин минтақа тақрибан 5000 м аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад, дар қисми ғарбии қаторкӯҳ бошад, қуллаҳои алоҳида аз 4500 м баланд намешаванд.
Дар ҳудуди ҳавзаи дарёи Кофарниҳон 327 пирях ба қайд гирифта шудаанд, ки масоҳати умумии онҳо 106,0 км²-ро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, 63 пирях масоҳати камтар аз 0,1 км² доранд ва дар маҷмӯъ 2,9 км²-ро ишғол мекунанд. Масоҳати миёнаи як пирях 0,32 км²-ро ташкил медиҳад, вале агар пиряхҳои хурд (камтар аз 0,1 км²) ба ҳисоб гирифта нашаванд, ин нишондиҳанда ба 0,39 км² мерасад. Пиряхҳои калон дар ин ҳавза кам ба назар мерасанд. Пиряхҳои сершумор асосан масоҳати аз 0,1 то 0,9 км² дошта, тақрибан ду се ҳиссаи шумораи умумии пиряхҳоро ташкил медиҳанд. Баландии миёнаи хати поёнии пиряхҳо дар ҳудуди ҳавзаи дарёи Кофарниҳон тақрибан 3650 м муайян шудааст.
Харитаи яхбандии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон