ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АМИТ”
7-уми марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи Модар доир гардид.
Директори Марказ занону бонувонро ба рӯзи Модар муборакбод гуфта аз ҷумла таъкид гардид, ки намунаи олии қадршиносии Зан- Модарро мо дар баромаду суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, ки дар замири ҳар як сухани он кас чӣ қадар маънӣ, чӣ қадар меҳру муҳаббат ва эҳтиром нисбати Модар зан нуҳуфтааст, ки мефармоянд:
“Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад”.
Сипас барои занону бонувон туҳфаҳои хотиравӣсупорида шуда аз ҷониби ҳаваскорон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.


