МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”
ИҚТИБОСҲО
АЗ СУХАНРОНИҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА МАСЪАЛАИ ПИРЯХҲО
ДАР РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”
Ба ифтихори эълон гардидани соли 2025
“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
Мураттибон: профессор А. Қаюмов, М.Сафаров, Н. Бахтибекова
ИҚТИБОСҲО
АЗ СУХАНРОНИҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА МАСЪАЛАИ ПИРЯХҲО ДАР РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Душанбе
2022
ББК: 26.222
УДК 551.324 (051.4) (575.3)
Зери назари
президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
академик Фарҳод Раҳимӣ
Мураттибон: профессор А. Қаюмов, М.Сафаров, Н. Бахтибекова
Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим. -Душанбе, “Фаридунзода”, 2022. -103 саҳ.
Дар маҷмӯа суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи дохилию хориҷӣ оид ба масъалаи коҳишёбии пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳарорати сайёра аз санаи 10-уми марти соли 2022 то санаи 3-юми сентябри соли 2009 фароҳам оварда шудаанд.
Иқтибосҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар алоҳидагӣ таҳия шуда, ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он инъикос гардидаанд.
ISBN
МУНДАРИҶА
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (23.04.2022, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ (10.03.2022, Миср) |
|
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»(21.12.2021, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронӣ дар Нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ). (28.11.2021, Туркманистон) |
|
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим (02.11.2021, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланд таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим” (27.10.2021, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронӣ дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид. (24.09.2021, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия (03.03.2021, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронӣ дар 40 – умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим. (12.11.2019, Фаронса) |
|
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО). (15.06.2019, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». (20.06.2018, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (22.03.2018, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) |
|
Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (19.09.2017, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) |
|
Суханронӣ дар Саммити оби Будапешт (28.11.2016, Маҷористон) |
|
Суханронӣ дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» (28.09.2015, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) |
|
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (20.08.2013, шаҳри Душанбе) |
|
Суханронӣ дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор (21.06.2012, Бразилия) |
|
Суханронии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк, 23 сентябри соли 2010) |
|
Суханронии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати махсус бахшида ба мавзӯи «Ҳалли проблемаҳои ҷаҳонии обу санитария – вазифаи асосии амалӣ сохтани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола» (Ню-Йорк, 22 сентябри соли 2010) |
|
Суханронӣ дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи колабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (16.12.2009, Дания) |
|
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаи иқлим (Женева, 3 сентябри соли 2009) |
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором
23.04.2022, шаҳри Душанбе
Тоҷикистон низ тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин раванд саҳми муносиб дорад.
Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаро қабул карда, кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳимми об гардид.
Дар ин зимн, бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумла соли 2016 Қатъномаро дар хусуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 қабул кард.
Меҳвари талошҳои онро такон ва суръати тоза бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об бо мақсади ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ташкил медиҳанд.
Ҳадафи рушди устувор худ таъмини зиндагии шоиста барои насли оянда мебошад.
Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо он суръату талошҳое, ки мо имрӯз дорем, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус дар қисмати об, хеле мушкил мебошад.
Мутаассифона, таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим, ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд.
Чунин ҳолат таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисёр возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.
Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад.
Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворият ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд.
Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.
Дар доираи ин раванд аз ҷумла мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд.
Нуктаи муҳимми дигар гирифтани уҳдадорӣ ва анҷоми амалҳои мушаххаси ҳадафмандона дар ин ҷода мебошад.
Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ
10.03.2022, Миср
Дар ин зимн мо мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистонро, ки 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, таъкид карда, аз ҷониби Мисрӣ барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии мо дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос намудем.
Ҳамзамон бо ин, ибтикороти ҷониби Мисрро оид ба пешгирии гармшавии иқлим иқдоми муҳим арзёбӣ карда, ҷонибдории худро аз рӯзномаи Саммити тағйирёбии иқлим, ки соли равон дар Миср баргузор мегардад, изҳор намудем.
Мо самараи боздиди расмии худро аз сарзамини бостонии Миср умедбахш медонем ва итминон дорем, ки татбиқи аҳду паймони ҳосилшуда оғози накӯи марҳалаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар хоҳад гардид.
***
Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
21.12.2021, шаҳри Душанбе
Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон–Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.
Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.
Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.
***
Суханронӣ дар Нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)
28.11.2021, Туркманистон
Кишварҳои мо дар баробари таҳдидҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонанд.
Хушксолиҳои пайдарпайи солҳои охир боиси оқибатҳои таъсирбахш дар соҳаи кишоварзӣ гардидаанд.
Бинобар обшавии босуръат, ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон қариб ба сеяк андоза кам шудааст.
Зуҳуроти селу обхезӣ, ярч ва дигар падидаҳои табиӣ, ки ҳамасола ба иқтисодиёт зарари ҷиддӣ мерасонанд, афзоиш ёфтаанд.
Бо дарназардошти ин омилҳо, муҳим медонем, ки дар доираи Созмон ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дар ин зимн коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Умед дорам, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва мушаххас сохтани санаи “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби шарикони мо дар Созмон ҷонибдорӣ хоҳанд ёфт.
***
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим
02.11.2021, шаҳри Душанбе
Тавре ки маълум аст, об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад.
Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст.
Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.
Дар вохӯрии аввали Панели сатҳи баланд вобаста ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои олам мисолҳо оварда будам.
Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, қаблан мо пешниҳод кардем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шавад. Ман пештар ҳамчунин ҷиҳати зарурати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ибрози назар карда будам.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун ба таври фаъол пеш мебарад ва мо умед дорем, ки онҳо аз ҷониби Эътилофи обу иқлим низ пуштибонӣ хоҳанд ёфт.
***
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланд таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим”
27.10.2021, ш. Душанбе
Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд.
Вобаста ба ин, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъини санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” бори дигар таъкид намоям.
Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем, борҳо даъват ба амал овардааст.
Нахуст, мехоҳам аз оғози фаъолияти ташаббуси нав, ки ду масъалаи бисёр ҳам мубрами рӯзномаи муосири рушд, яъне обу иқлимро ба ҳам меорад, истиқбол намоям.
Ҳамзамон, барои ташаббуси мазкур ва даъвати ин ҷониб ҷиҳати иштирок дар ин раванди муҳим ба Президенти Созмони ҷаҳонии метереологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид ва Об» арзи сипос мекунам.
***
Суханронӣ дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
24.09.2021, ш. Душанбе
Мо имрӯзҳо дар арафаи ҷаласаи 26-уми тарафҳои Конвенсияи созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим қарор дорем.
Бар ин боварем, ки ҷаласаи мазкур барои дастрасӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва суръат бахшидан ба талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми бориз хоҳад дошт.
Яке аз пайомадҳои ҷиддии ин раванд обшавии пиряхҳо мебошад, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз пиряхҳои дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст.
Тибқи омори дастрас танҳо пиряхи Федченко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаи охир 11 километри мураббаъ бо талафоти 2 километри мукааби ях коҳиш ёфтааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Дар ин робита ман ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намудам, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.
Итминони комил дорем, ки ин ташаббус барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард.
***
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия
03.03.2021, ш. Душанбе
Чи тавре ки маълум аст, обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд.
Аз дидгоҳи мо яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд. Тибқи ҳисоботи “Баҳодиҳии Ҳимолой дар Ҳиндукуш”, мо аллакай то охири садсолаи ҷорӣ метавонем зиёда аз се ду ҳиссаи пиряхҳои Ҳимолойро аз даст диҳем.
Вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст.
Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Ман пиряхи Федченкоро, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, дар назар дорам.
Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.
Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд.
Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Таҳлили тамоюли таъсиррасонии тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки:
Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст.
Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.
Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.
Дар ин робита пешниҳод менамоям, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Дар ин қарина ҳамчунин мехоҳам бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намоям.
Итминон дорам, ки иқдомҳои мазкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.
Мо умедворем, ки Даҳсолаи амал барои татбиқи ҳадафҳои ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои ҳалли пойдори чунин мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, фақр, нобаробарии гендерӣ ва маблағгузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимнан, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлимро, ки дар ин раванд ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд, бояд ба таври хосса зикр кард.
Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст.
Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад.
Аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.
Дар кишвари мо тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимманд, ба мушоҳида мерасад.
Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.
Чунин вазъият ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза, ҳамчунин, соҳаҳои марбут ба об, бахусус кишоварзӣ ва энергетика, таъсири манфӣ мерасонад.
Ба ин манзур кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ нигарон мебошанд.
Суханронӣ дар 40 – умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим
12.11.2019, Фаронса
Тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб мераванд.
Таъсири манфии ин падидаи глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.
Дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳимманд, ба мушоҳида мерасад.
Тибқи мушоҳидаҳо, дар давоми 70 соли охир тақрибан 35 фоизи пиряхҳои хурдҳаҷми Тоҷикистон талаф ёфтаанд.
Ва ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд.
Дар ин замина лозим мешуморем, ки ЮНЕСКО дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)
15.06.2019, шаҳри Душанбе
Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ–гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.
Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст (60) фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад.
Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд.
***
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
20.06.2018, шаҳри Душанбе
Мушоҳидаҳои бисёрсола гувоҳӣ медиҳанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ тақвият меёбад.
Тибқи ин мушоҳидаҳо, тайи шаст соли охир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як градус аз рӯйи Селсия боло рафта, миқёсу миқдори ҳодисаҳои табиии вобаста ба обу ҳаво рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
Гузашта аз ин, тайи чанд даҳсолаи охир мо тақрибан як ҳазор пиряхи хурду миёнаро талаф додем.
Бо мақсади мониторинги ин равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим имсол мо дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва дар таҳкими иқтидорҳои он ба дастгирии ширикони рушд умед дорем.
***
Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
22.03.2018, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Мо бояд омилҳоеро, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, дар назар дошта бошем
Якум – тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад.
Дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри XX мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад.
Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод.
Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёде ба бор меоранд.
***
Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
19.09.2017, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Таҷрибаи андӯхтаи мо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд.
Бинобар ин, зимни пешниҳоди ташаббуси худ оид ба даҳсолаи навбатӣ мо дар назар доштем, ки дар рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 аҳдофи марбут ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои бениҳоят муҳимму фарогирро мегузорад ва татбиқи онҳо андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.
Итминон дорем, ки татбиқи ин аҳдофу вазифаҳо танҳо дар сурати вусъат ёфтани ҳамкорӣ ва сафарбар намудани захираҳои зарурӣ – инсонӣ, молиявӣ ва фаннӣ – имконпазир мебошад.
Масоили рушд ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об тайи чандин сол аст, ки дар ҳошияи Созмони Милал мавриди баррасӣ қарор доранд.
Саъю талошҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милал ва дигар ташкилоту ниҳодҳо, ки тайи ин давраи чилсола ҷой доштанд, барои вусъатбахшии раванди дастрасӣ ба оби ошомидании бехатар, густариши донишу малака дар соҳаи мудирияти фарогири захираҳои об, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об, ташаккули дидгоҳу заминаҳои нав барои баррасии мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавии марбут ба захираҳои об мусоидат карданд.
Ҳарчанд ки пешрафт дар ин ҷода назаррас аст, вале мо дар сафарбаркунии захираҳои лозима ба хотири ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба захираҳои об ҳоло ҳам қафо мондаем.
Зимнан, дар ин самт мо дар навбати аввал бояд тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.
Зиёда аз ин, мо бояд омилҳои зеринро, ки майдони ҳамкориҳои минбаъдаи моро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирем:
Нахуст, тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, саъю кӯшишҳои моро ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор заиф мегардонад. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳимми захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк кам шудааст.
***
Суханронӣ дар Саммити оби Будапешт
28.11.2016, Маҷористон
Тайи даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд.
Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд.
Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад.
Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.
Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар вазифаҳое, ки ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ворид гардидаанд, ҳамчунин ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шомил карда шуданд.
***
Суханронӣ дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим»
28.09.2015, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст.
Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳимми Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 табдил ёфтаанд.
Илова бар ин, Ҳукумати кишвари мо Барномаи давлатиро оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 тасдиқ намуд. Имсол якҷо бо шариконамон дар чаҳорчӯбаи экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкӯҳи Помир мо ба коре оғоз бахшидем, ки он на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти илмиву амалӣ дорад.
Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳаммияти хоса хоҳад дошт.
***
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об
20.08.2013, шаҳри Душанбе
Тавре маълум аст, захираҳои об дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола дарҷ ёфтаанд, аҳаммияти аввалиндараҷа касб кардаанд. Ҷаҳду талоши мо оид ба рафъи камбизоатӣ ва гуруснагӣ, таъмини баробарӣ ва васоили зиндагӣ, коҳиш додани осебпазирӣ ва ҳалли масъалаҳои тандурустӣ дар ҳоле, ки дар манотиқи зиёди сайёра нархи оби ошомиданӣ аз нархи сӯзишворӣ болотар рафтааст, ба рушду идораи оилонаи захираҳои об вобастагии зич дорад.
Ба инобат гирифтани омилҳои зерин, ки ҳангоми таҳияи диди нав оид ба масъалаҳои об чаҳорчӯба ва имконоти ҳамдастиву ҳамкориро муайян месозанд, онро тақвият хоҳанд дод.
Аввалан, тағйирёбии иқлим ба захираҳои об таъсири манфӣ дошта, ба саъю талошҳои мо дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд осеб мерасонад.
Масалан, тӯли чанд даҳсолаи охир пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаъҳои оби минтақаанд, қариб 30 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд ва ин тамоюл пайваста идома дорад.
Дар ин муддат ҳазортои онҳо ба куллӣ нобуд шудаанд. Фақат пиряхи Федченко бузургтарин пиряхи қитъаи хушкии Замин дар ин давра қариб 1 километр кӯтоҳ шуда, масоҳаташ ба андозаи 11 километри мураббаъ ихтисор гаштааст ва ҳаҷман тақрибан 2 километри мукааби ях талаф ёфтааст
Бо дарназардошти он, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд, чунин вазъ боиси нигаронии ҷиддист ва андешидани тадбирҳои фавриро доир ба мутобиқсозӣ ва эҷоди устуворӣ нисбат ба тағйироти иқлим тақозо дорад.
***
Суханронӣ дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор
21.06.2012, Бразилия
Тағйир ёфтани иқлим яке аз таҳдидҳои имрӯзаест, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, мамлакати мо дучори он мегардад. Оқибатҳои экологию иҷтимоии тағйири иқлим боиси ташвиши умум мегарданд.Таъсири тағйири иқлимро дар мисоли обшавии пиряхҳои Тоҷикистон равшан дидан мумкин аст.
Кӯҳҳои Тоҷикистон на фақат манбаи муҳиммтарини захираҳо иоб, энергетика ва биологияи мамлакат ва минтақа мебошанд, балки барои бар ҳаёт мондани системаи экологии минтақа ҳам мақоми асосӣ доранд.Обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон ва такроршавии офатҳои табиӣ дар даҳсолаи охир аз он далолат мекунанд, ки минтақаҳои кӯҳсор ҳамаи тағйироти атмосферию иқлимиро бештар ҳис намуда ва аҳолии онҳо ба ҳар тағйироту хатарҳои глобалӣ осебпазиранд.
Дар робита бо ин, Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор ба мушорикату ҳамкорӣ дар масъалаҳои идораи рушди захираҳои кӯҳистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии аҳолии минтақаҳои кӯҳсори ҷаҳон ҳарчи бештар манфиатдор аст.
***
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид
Ню-Йорк, 23 сентябри соли 2010
Маълум аст, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби тоза таъсири манфӣ расонида, хавфи обхезӣ ва селу ярчҳо, хушксолӣ ва фалокатҳои дигари табиии вобаста ба обро бештар мегардонад.
Илова бар ин, тағйирёбии иқлим масъалаи бе ин ҳам душвори камбуди оби тозаро дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра боз ҳам душвортар мегардонад. Масалан, дар Тоҷикистон, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбанд, дар давоми 30 соли охир зиёда аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Торафт кам гардидани захираи обҳои зеризаминӣ низ ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Тибқи баъзе пешгӯиҳо то соли 2025 беш аз сеяки аҳолии курраи Замин аз нарасидани об танқисӣ хоҳад кашид ва то соли 2050 аҳолии сайёра имконияти пурра таъмин намудани талаботи худро ба об нахоҳад дошт.
***
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати махсус бахшида ба мавзӯи «Ҳалли проблемаҳои ҷаҳонии обу санитария – вазифаи асосии амалӣ сохтани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола»
Ню-Йорк, 22 сентябри соли 2010
Тағйироти иқлими ҷаҳон пеш аз ҳама ба захираҳои об таъсир мерасонад. Масалан, дар Тоҷикистон, ки сарчашмаи қариб 60 фоизи оби дарёҳои минтақа мебошад, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Ба ин вазъият афзудани миқдори фалокатҳои табиии вобаста ба об низ таъсири калон мерасонад. Солҳои охир дар Тоҷикистон чунин фалокатҳои табиӣ бештар рух дода истодаанд.
Буҳрони об, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва тағйироти глобалии иқлим тезу тунд гардидааст, аз муносибати одилонаю баробарона ва ҳамгироиро дар масъалаи истифодаи захираҳои об барои таъмини иқтисодиёти ҳамаи мамлакатҳо ва муҳити зист тақозо дорад, ки дар ниҳояти кор ба таъмини рушди устувор мусоидат хоҳадкард.
***
Суханронӣ дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим
16.12.2009, Дания
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба далеле ҷалб намоям, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодашаванда, дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ба андозаи 2-3 дараҷаи Селсия боло рафтани ҳарорати ҳаво тибқи пешгӯиҳо ҷараёни обшавии пиряхҳоро тақвият бахшида, дар натиҷа ба коҳиш ёфтани оби дарёҳо оварда мерасонад. Ин якҷоя бо коҳишёбии боришот ва афзудани истеъмоли об метавонад дар ояндаи миёна ва дарозмуддат дар минтақа вазъияти пуршиддатро ба миён орад.
Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки саҳлангорӣ нисбат ба истифодаи захираҳои табиӣ ба чӣ оварда мерасонад. Бо дарназардошти фоҷиаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем. Аз ин рӯ, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки метавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро дар ин бахши муҳимми стратегӣ муттаҳид намояд, ногузир мешуморем.
***
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаи иқлим
Женева, 3 сентябри соли 2009
Тавре ки маълум аст, тағйирёбии иқлим ба саломатии одамон, муҳити зист, кишоварзӣ, инфраструктураи нақлиёт ва дигар соҳаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Вале таъсири он ба захираҳои об аз ҳама бештар аст. Ин масъала хусусан дар Осиёи Марказӣ, ки об дар он на танҳо асоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, балки омили муҳиммтарини таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, пуршиддат гардидааст. Натиҷаҳои баъзе таҳқиқот нишон медиҳанд, ки аз соли 1956 то соли 1990 захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ беш аз 3 маротиба кам шудааст ва ҳар сол майдон ва ҳаҷми яхҳо ба ҳисоби миёна мутаносибан 0,6-0,8 фоиз ва 0,1 фоиз коҳиш меёбанд.Мувофиқи ҳисобҳои камтарин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ зиёда аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Дар мавриди идома ёфтани тамоюли мавҷуда дар Тоҷикистон шояд ҳазорон пиряхҳо нобуд шаванд.
Ба андозаи 2-3 дараҷаи селсия боло рафтани ҳарорати ҳаво тибқи пешгӯиҳо ба ҷараёни коҳишёбии пиряхҳо тақвият бахшида, ба кам гардидани захираҳои барф оварда мерасонад.
Дар навбати аввал коҳишёбии пиряхҳо ба афзоиши оби дарёҳои алоҳида, ки дар айни ҳол ба мушоҳида мерасад, мусоидат намуда, сипас ҳаҷми оби бисёр дарёҳо метавонад кам шавад.
ИҚТИБОСҲО
АЗ СУХАНРОНИҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА МАСЪАЛАИ ПИРЯХҲО ДАР РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Зери назари
президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
академик Фарҳод Раҳимӣ
Мураттибон:
Профессор Абдулҳамид Қаюмов
Маҳмад Сафаров
Насиба Бахтибекова
Муҳаррири техникӣ:
Мухбирҷон Кенҷаев
Сабти компютерӣ:
Ҳофиз Наврузшоев
Ба матбаа супорида шуд 12.04.2022.
Барои нашр имзо шуд 15.04.2022.
Чопи офсетӣ. Ҷузъи чопӣ ?
Андозаи 64Х84 Супориши №
Адади нашр
Дар матбааи “Фаридунзода” ба табъ расид.