Logo
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»
ГОСУДАРСТВЕННОЕ УЧРЕЖДЕНИЕ «ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ЛЕДНИКОВ И КРИОСФЕРЫ НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА»
STATE INSTITUTION "INSTITUTE FOR GLACIERS AND CRYOSPHERE STUDIES" UNDER THE NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN
  • Асосӣ
  • Институт
    • Таърихи ташкилёбии Институт
    • Сохтори Институт
    • Маъмурияти Институт
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Институт
    • Таърихи ташкилёбии Институт
    • Сохтори Институт
    • Маъмурияти Институт
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

ҲОЛАТИ ИМРУЗАИ ПИРЯХИ ЗАРАФШОН, ЯКЕ АЗ ПИРЯХҲОИ КАЛОНТАРИНИ ТОҶИКИСТОН

Administrator by Administrator
05.10.2026
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
ҲОЛАТИ ИМРУЗАИ ПИРЯХИ ЗАРАФШОН, ЯКЕ АЗ ПИРЯХҲОИ КАЛОНТАРИНИ  ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
0
VIEWS
Таҳқиқотҳои аз ҷониби пиряхшиносони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо гузаронидашуда, ки ба омузиши вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд, сабабҳои асосии дар ҳолати таназзули доимии онҳоро ба бад шудани шароити ғизогирӣ ва тағйирёбии омилҳои иқлимӣ, пеш аз ҳама баланд шудани ҳарорати ҳаво ва тағйирёбии миқдори боришот, нисбат медиҳанд. Ҳавзаи дарёи Зарафшон яке аз марказҳои асосии пиряхҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳо дар ин ҳавза, метавонад боиси кам шудани захираи оби ошомиданӣ гардида, барои аҳолӣ, кишоварзӣ ва экосистемаҳои қаламравҳои ҳамшафати Ӯзбекистону Тоҷикистон, хатари эҳтимолӣ эҷод намояд. Мувофиқи натиҷаи тадқиқотҳои А.С. Щетинников (1998), масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон дар соли 1957, 656 км2 (ҳаҷмаш 36,7 км3) ва дар соли 1980 – 572 км2 (27,7 км3) буд, яъне он 84 км2 коҳиш ёфта, қариб 9,0 км3 ях аз даст дода шудааст, ки он 12,8 фоизаи масоҳат ва 24,5 фоизи ҳаҷми яхи ҳавзаро дар соли 1957 ташкил медиҳад. Пиряхи Зарафшон яке аз бузургтарин пиряхҳои ин ҳавза ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон, ба ҳисоб рафта, дар ташаккули захираҳои обии минтақа ва бо оби ошомидани ва обёрӣ таъмин намудани кишварҳои минтақа, саҳми назаррас мегузорад. Мушоҳидаҳои дарозмуддати солҳои 2001 ва 2010 аз ҷониби Г.Е. Глазырин, А.С. Щетинников ва Ҳ.А. Аброров гузаронидашуда нишон доданд, ки пиряхи Зарафшон дар ҳолати таназзули доимӣ қарор дошта, давоми солҳои 1880 – 1980 (100 сол) забонаи он ба анзозаи 2 км, яъне соле 20 м ва қисматҳои миёна ва рости он 1,0-1,5 км (соле 10-15м) коҳиш ёфта, сатҳаш 60 м (соле 60 см), поин фаромадааст. Дар тадқиқотҳои А.Ш. Ҳомидов ва Ҳ.А. Аброров (солҳои 2009-2010) қайд гардидааст, ки ин пиряхи мураккаб ва шохадор метавонад минбаъд пора шуда, аз байн равад, зеро сатҳи шохаҳои рост ва чапи он хурд шуда истодаанд. Ҳамзамон, онҳо тахмин карда буданд, ки агар ин раванд ҳамин тавр идома ёбад, эҳтимол дорад дар оянда пиряхҳои калонтар робитаи худро бо пиряхи Зарафшон аз даст дода, аз он ҷудо шаванд. Бо назардошти ҷиддияти масъалаи мазкур, аз ҷониби кормандони илмии Институти омузиши пиряхҳо ва криосфераи Акамемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷиҳати арзёбии тағйирёбии пиряхҳои ҳавзаи мазкур дар давоми солҳои 1992-2024, тадқиқоти махсус гузаронида шуда, ҳолати 60 пиряхи ҳавза омухта шуд, ки масоҳати умумиашон, тибқи Каталоги пиряхҳои ИҶШС соли 1982 чопшуда, 162 километри мураббаъро ташкил медод. Таҳлили маълумотҳои иқлимии минтақаи тадқиқотӣ нишон дод, ки тӯли солҳои 2000-2025, гармтарин давраи сол асосан ба моҳҳои июл ва август рост омада, ҳарорати миёнаи моҳона 14-19 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Моҳҳои декабр, январ ва феврал сардтарин давраи сол буда, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз 3 то 6 дараҷа хунук мешавад. Тағйирёбии ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар минтақаи тадқиқотӣ тули солҳои 2000 – 2025 тамоили мусбат дошта, ба ҳисоби миёна 1,0 дараҷа афзоиш ёфтааст. Дар асоси таҳлил ва ҳисобҳои гузаронидашуда маълум гардид, ки дар авҷи тобистон, ҳам дар минтақаи ҷамъшавии қабати барф ва ҳам дар қисмати забонаи пиряхҳо, ҳарорати ҳаво аз ҳарорати яхбандӣ ба таври назаррас болотар буда, дар ин давра обшавии пиряхҳоро таъмин менамояд, бештар дар қисмати забона ва камтар дар минтақаи ҷамъшавии барфҳо. Миқдори умумии боришоти моҳона дар минтақаи тадқиқотӣ, давоми солҳои 2014-2025 дар баландии 2300 м аз сатҳи баҳр, 10 фоиз афзоиш ва баландтар аз 2600 м, 17 фоиз коҳиш ёфтааст. Масоҳати умумии пиряхҳо аз 149,5 километри мураббаъ дар соли 1992 то 132 километри мураббаъ дар соли 2024 кам шуда, 17,5 километри мурабаъ, ё тақрибан 11,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Калотарин коҳиши масоҳати пиряхҳо давоми солҳои 1992-2002 мушоҳида шуда, 9 километри мураббаъро (6 фоиз) ташкил менамояд. Солҳои 2002-2014, масоҳати пиряхҳо 6,9 километри мураббаъ (10,6 фоиз) ва солҳои 2014-2024 – 1,6 километри мураббаъ (1,2 фоиз) кам шудааст.
Пиряхҳои масоҳаташон аз 1,0 километри мураббаъ хурдтар, 22 фоиз, масоҳаташон 1-4,5 километри мураббаъ – 18,9-20,8 фоиз ва пиряхҳои масоҳаташон аз 8,0 километри мураббаъ калонтар – танҳо 3-10 фоиз коҳиш ёфтаанд. Азбаски забонаҳои ҳамаи пиряхҳои калони ин ҳавза, ба истиснои пиряхи Парах, айни замон, то ҳол бо маҷрои асосии пиряхи Зарафшон зич пайвастаанд, муайян кардани коҳиши эҳтимолии онҳо имконнопазир буд, чунки онҳо доим дар ҳаракат буда, маҷрои асосии пиряхи Зарафшон, дар як вақт, онҳоро доим ба поён кашонида, онҳо аз ҳам ҷудо намешаванд. Дар тӯли тамоми давраи таҳқиқот (33 сол), дарозии забонаҳои пиряхҳои Зарафшон ва Парах мутаносибан 500 ва 1600 метр кам шудааст. Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти ба тозагӣ гузаронидашуда, тасдиқоти пешакӣ дар бораи он ки гуё забонаи пиряхи Фарахнов аллакай аз маҷрои асосӣ ҷудо шудааст, исбот нашуд, балки дар асл он каме дарозтар шудааст. Ин бошад танҳо дар сурате имконпазир аст, ки забонаи ин пирях ва маҷрои асосии пиряхи Зарафшон, тавассути яхҳои зери морена монда пайваста бошанд. Дарозии забонаи пиряхи Зарафшон тӯли солҳои 1992-2024 (33 сол) 500 метр кам шуда, коҳиши солонаи он 15,1 метрро ташкил медиҳад. Дар муқоиса, мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти А.Ш. Ҳомидов (соли 2009) пиряхи Зарафшон байни солҳои 1927 – 1991 (65 сол) 1500 метр ва байни солҳои 1991 – 2009 (19 сол) 1600-1700 метр ақибнишинӣ кардааст, яъне коҳиши солона, дар ин давраҳо, мутаносибан 23 ва 87 метрро ташкил додааст. Тибқи натиҷаҳои ҳамин таҳқиқот (соли 2009), масоҳати пиряхи Зарафшон байни солҳои 1927 – 1991, 0,5 километри мураббаъ ва байни солҳои 1991 – 2009, 0,7 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст, ки мутаносибан соле 7692 метри мурабаъ (0,8 гектар) ва 36692 метри мурабаъро (3,6 гектар) ташкил медиҳад. Дар муқоиса, мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти ба тозагӣ гузаронидашуда, масоҳати пиряхи Зарафшон давоми солҳои 1992-2024 (33 сол), 1,38 километри мураббаъ, ё соле 41818 метри мурабаъ (4,2 га) коҳиш ёфтааст. Барои омӯзиши ҳолати таназзули пиряхҳо дар ҳавзаи тадқиқотӣ дар давраҳои гуногун, натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидашуда бо маълумотҳои ҳангоми инвентаризатсия ва тадқиқотҳои давоми солҳои гуногун ба дастовардашуда, пурра карда шуданд. Таҳлили маълумотҳо нишон дод, ки коҳиши калонтарини масоҳати пиряхҳои ҳавза солҳои 1957 – 2014, 1957 – 2017 ва 1957 – 2024 мушоҳида шуда, ба ҳисоби миёна 22,6 километри мураббаъро ташкил менамояд (14,5 фоиз), дар ҳоле ки давоми солҳои 1957-2002 коҳиш ба ҳисоби миёна 12,1 километри мураббаъ (7,8 фоиз) буд. Давоми солҳои 1957-1980, 1957-2002 ва 1957-2014 коҳишёбии калонтарини солона (соле мутаносибан 0,6, 0,47 ва 0,39 километри мураббаъ) ва солҳои 1957-1992, коҳишёбии камтарин – соле 0,18 километри мураббаъ, мушоҳида шудааст. Аз соли 2017 инҷониб, коҳиши солонаи масоҳати пиряхҳо дар ҳавзаи мазкур ба эътидол омада, соле 0,35 километри мураббаъро (35 га) ташкил медиҳад. Дар асоси натиҷаҳои бадастоварда хулоса баровардан мумкин аст, ки аз соли 2014, яъне тӯли зиёда аз 20 соли охир, коҳиши солонаи масоҳати пиряхҳо дар ҳавзаи тадқиқотӣ афзоиш наёфта, балки соле аз 0,39 то 0,35 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Бояд қайд кард, ки суръати обшавии пиряхи Зарафшон сол аз сол афзуда, он тунук шуда истодааст. Масалан, агар дар соли 1992 ин раванд дар маҷрои умумии ҳаракати пирях, бо хати борик ва ғафсии назаррас ифода ёфта бошад, дар соли 2025 паҳноии ин хат ба 30-120 м расида, тунукшавии маҷрои асосии яхи пиряхи Зарафшон ба таври назаррас аён шудааст. Маълум аст, ки бар асари тағйирёбии муассири иқлим ва таназзулёбии пиряхҳо, дар пастхамиҳои болои пиряхҳо ва забонаҳои онҳо кӯлҳои пиряхӣ ба вуҷуд меоянд, ки андоза ва масоҳаташон тез – тез тағйир меёбад. Тибқи таҳқиқоти гузаронидашуда, дар соли 2025 шумораи кӯлҳои пиряхии ҳавзаи тадқиқотӣ ба 130 адад мерасад, ки дар баландиҳои 2300-3600 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд: 96 ададашон дар минтақаи забонаи пиряхи Зарафшон ва 34-тои дигараш, дар гирду атрофи пиряхҳои Толстов ва Скачков.
Масоҳати умумии кӯлҳои пиряхии андозаашон калони ҳавзаи тадқиқотӣ 0,05 километри мураббаъ (беш аз 5 гектар) ва масоҳати кули пиряхии калонтаринаш тақрибан 13 ҳазор метри мураббаъ (1,3 гектар) мебошад. Хулоса, агар суръати кунунии таназулёбии пиряхҳо ҳамин тавр идома ёбад, мумкин аст масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, инчунин ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар 30-40 соли оянда 15-20% кам шавад. Ягона хабари умедбахш ин аст, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқотҳои, байни солҳои 2016 – 2020 аз ҷониби Лабораторияи пиряхшиносии Маркази илмии баландкуҳи Тиён-Шони Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронидашуда, гармшавии глобалӣ боз 100-200 соли дигар идома ёфта, пиряхҳои Осиёи Марказӣ нест намешаванд, балки пурра зери қабати морена нопадид мегарданд ва бо суръати сусттар ҳам бошад, об медиҳанд. Айни замон дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, аксари пиряхҳо нисбат ба Помир ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон зудтар коҳиш меёбанд. Сабаб дар он аст, ки мувофиқи тадқиқотҳои солҳои пешин гузаронидашуда, 70 фоизи пиряхҳои ин ҳавза поинтар аз хати фирнии миёна (болотар аз минтақаи обшави пиряхҳо ва поинтар аз минтақаи ҷамъшавии барф) ҷойгиранд. Тавре ки маълум аст, ба обшавии пиряхҳо асосан тағйирёбии иқлим таъсир расонида, омили дигари ба ин раванд мусоидаткунанда, ифлосшавии сатҳи пиряхҳо бо ин гуна моддаҳо мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, асосан бо минтақаҳои биёбонӣ ва хушк иҳота шуда, аз ин минтақаҳо аксар вақт ба минтақаҳои яхбаста тӯфонҳои чангӣ интиқол дода мешаванд. Ҳангоми мавҷудияти шароитҳои турбулентии мусоиди тропосферӣ, зарраҳои чангу рег мумкин аст, дар аввал, аз руи замин то баландиҳои 1,5-3 км ва минбаъд, бо ҷараёни ҳавои болораванда, то баландиҳои 5-7 км партофта шаванд. Дар ин гуна ҳолатҳо, миқдори зиёди чангу ғубор ба масофаи садҳо километр, ба минтақаи пиряхҳо ва барфҳои доимӣ, интиқол дода шуда, обшавии онҳоро тезонида, масоҳат ва ҳаҷми онҳоро кам мекунанд. Ин гуна таназулёбӣ дар ҳамаи минтақаҳои пиряхии Тоҷикистон, аз ҷумла Зарафшон, Ҳисору Олой, Помир ва ҳатто Ҳиндукуш низ, мушоҳида карда мешавад. Ин раванд барои минтақаҳои хушки Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон, ниҳоят хатарнок мебошад, зеро пиряхҳои кӯҳӣ ягона манбаи асосии захираи оби ширини асрҳо хобида ва конденсатсияи нам дар атмосфераи ин минтақаҳо мебошанд. Аз вазъи кунунии захираҳои барфу пиряхҳо ва боришот дар кӯҳҳои Тоҷикистон сарнавишти миллионҳо нафар дар Тоҷикистон ва саросари Осиёи Марказӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, айни замон, дар пиряхҳои Тоҷикистон гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва пеш аз ҳама, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани обшавии онҳо, барои Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон доимо қайд карда мегузаранд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардида, аз таъсири пайомадҳои манфии он Тоҷикистон низ, истисно нест. 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим, ки асосан бо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ва пешвои муаззами он қабул гардидаанд, давоми ду даҳсолаи охир, кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳам оварда, ба татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030», асос гузоштаанд. Гарчанде, боздоштани раванди табиии обшавии пиряхҳо тавассути кӯшишҳои инсонӣ умуман ғайриимкон бошад ҳам, аммо бо роҳи кам кардани партовҳои ифлоскунанда, аз ҷумла дуоксиди карбон (СО2) ба атмосфера, ҷараёни онро суст кардан мумкин. Чунки, мувофиқи бисёр фарзияҳо, маҳз афзоиши миқдори дуоксиди карбон дар атмосфера сабаби сурохшавии қабати муҳофизаткунандаи озони атмосфера ва асоси гармшавии глобалӣ мебошад.
Аз тарафи дигар, амалӣ намудани Барномаи миллии «Кишвари сабз» барои солҳои 2023 – 2027 ва татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040» имкон медиҳанд дар ҳазорҳо гектар замин, аз он ҷумла ҳавзаҳои дарёҳои аз пиряхҳо маншаъгиранда, дарахтон ва ниҳолу буттаҳо шинонида шуда, ба коҳиши газҳои гулхонаӣ, ба минтақаи пиряхҳо интиқол дода шудани чангу ғубор ва дигар маводҳои ифлоскунанда ва дар ин баробар, коҳиш додани обшавии пиряхҳо мусоидат ва рушди устувор ва амнияти экологии аҳолӣ таъмин карда шавад. Айни замон ҳифзи пиряхҳоро танҳо бо татбиқи чораҳои дар боло зикршуда амалӣ кардан мумкин аст, чунки, ҷиҳати ҳадди аққал мӯътадил гардонидани обшавии онҳо, ҳануз чораҳои дигари радикалӣ вуҷуд надоранд. Шояд ин аз нигоҳи назариявӣ имконпазир бошад, аммо бо сабаби зарурати хароҷоти калон ҷиҳати амалӣ гардондани онҳо (масалан, тариқи плёнка пӯшонида шудан ё ташаккул доданашон бо роҳи эҷод намудани боришоти сунъӣ), хеле душвор аст. Бо назардошти мулоҳизаҳои дар боло зикргардида, метавон хулоса кард, ки дар баробари зарурати татбиқи чорабиниҳои асосии болотар номбаршуда ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо, таҳия намудани барномаҳои илмии миллӣ ва минтақавии муштараку умедбахш ҷиҳати омӯзиши муфассали ҳолати онҳо дар ҳавзаҳои асосии дарёҳои кишвар, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон, метавонад дар рушди кишоварзӣ, гидроэнергетика ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя нақши ҳалкунанда бозида, таъсири мусбати худро расонад. Алишо Шомаҳмадов – ходими пешбари илмии Институти омузиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ
Previous Post

ГУЗАРОНИДАНИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА ГИРИФТАНИ НАМУНАҲО АЗ ПИРЯХИ ЗАРАФШОН

Administrator

Administrator

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Институт
Рамазон Зикирулло Рахмонзода

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»(минбаъд – Институт) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Институт
  • Сохтори институт
  • Таърихи ташакулёбии Институт
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Институт
    • Таърихи ташкилёбии Институт
    • Сохтори Институт
    • Маъмурияти Институт
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ