Санаи 03.10.2026 зимни сафари олимону коршиносон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар пиряхи Зарафшон аз ҷониби олимони Институти пиряхшиносӣ ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуданд. Дар рафти корҳои таҳқиқотӣ олимони Институти пиряхшиносӣ ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани вазъи кунунии пирях ва омӯзиши равандҳои тағйирёбии он аз пирях намунаҳои зарурӣ гирифтанд. Намунаҳои ҷамъоваришуда барои гузаронидани таҳқиқоти минбаъда ва ташхиси лабораторӣ ба озмоишгоҳҳои дахлдор интиқол дода мешаванд. Мутахассисон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти лабораторӣ барои муайян намудани хусусиятҳои физикию химиявии намунаҳо, инчунин арзёбии таъсири омилҳои муҳити зист ба ҳолати пирях замина фароҳам меоранд. Гузаронидани чунин таҳқиқоти илмӣ дар омӯзиши вазъи пиряхҳо, пайгирии равандҳои тағйирёбии онҳо ва арзёбии таъсири тағйирёбии муҳити зист аҳамияти муҳим дорад.




