Санаи 04-сентябри соли 2025 бахшида ба ҷашни 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №407 аз 31 августи соли 2023 бо ибтикори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯӣ «Аз Истиқлол то ташаббусҳои ҷаҳонӣ: нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкурро директори Марказ н.и.г.м. – Шерализода Н.Ш. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускори меҳварии масоили марбут ба об ва иқлим шинохта шудааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди сиёсати экологӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҳамчун омили калидии рушди устувор ва амнияти глобалӣ мебошад.
Номбурда аз аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, иштироккунандагонро бо Ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Ин ҳамоиши илмӣ бо мақсади баррасии муҳимтарин масоили марбут ба таҳқиқоти криосфера, ҳолати кунунии пиряхҳои Тоҷикистон, саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо, нақши Тоҷикистон дар рушди илмҳои пиряхшиносӣ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим доир гардид.
Дар конференсия олимони варзида, пажӯҳишгарон, мутахассисони соҳаи обу иқлим, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.



