Экспедитсияи комплексии байналмилалӣ дар минтақаҳои Помири Марказӣ ва Шарқӣ.
Помир яке аз минтақаи сардтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар он ҷо массаи асосии пиряхҳои Тоҷикстон ҷой гирифтаанд. Ҳарорати миёнаи ҳаво сол то сол баланд шуда, ба раванди тағйирёбии иқлим оварда расонида истодааст, ки ин ҳолат ба пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин тадқиқотҳои комплексии МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар митақаҳои баландкуҳи Помир саривақтӣ буда, аз пиряхҳо то яхбандии абадиро дар бар мегиранд.
Тадқиқотҳои илмӣ-саҳроӣ дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ.
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон №407 аз 31 августи соли 2023 ва нақшаи баргузории экспедитсияҳои Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кормандони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар ду пиряхи репрезентативӣ тадқиқотҳои комплексии байналмиларило бо иштироки мутахассисони донишгоҳи Фрибурги Шветсария дар давраи аз 30-юми июл то 15-уми августи соли ҷорӣ гузарониданд.
Зимни гузаронидани экспедитсияи комплексии байналмилалӣ бо истифодаи таҷҳизотҳои замонавиву пуриқтидор дар пиряхи № 139, ки дар ҳавзаи кӯли Ховаркӯли (Қарокӯл) Помири Шарқӣ ҷойгир аст, ҳолати имрӯзаи пирях муайян гардида, маълумотҳои нодири илмӣ ҷамъоварӣ карда шуданд.
Дар шароити имрӯзаи иқлимӣ маълумотҳои дар саҳро бадастомада нишон доданд, ки пирях дар ҳолати таназзулёбии бошиддат қарор дорад. Рейкаҳои аблятсионии дар пирях насбшуда, ки барои муаян намудани обшавии сатҳи пирях гузошта мешаванд нишон доданд, ки ҳатто дар баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр сатҳи пирях 2 метр паст шудааст. Инхел обшавии босуръати пиряхи №139 дар чунин баландиҳо бори аввал ба қайд гирифта шудааст, ки ин боиси нигаронии мутахассисони Марказ ва тамоми ҳайати гуруҳи кории экспедитсионӣ гардид.
Чунин ҳолати нигаронкунанда дар пиряхи №457 низ, ки дар болооби дарёи Ғунди Помири Марказӣ ҷойгир мебошад, мушоҳида гардид. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар минтақаи ғизогирии пирях дар моҳи августи соли 2025 умуман захираи барфу фирн дида намешавад. Барфи мавсимие, ки дар минтақаи ғизогирӣ сабаби муътадил нигоҳ доштани мувозинати массаи пирях мебошад, пурра об шудааст.
Мутахассисони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар омӯзиши яхбандии абадӣ дар Помири Шарқӣ ва Марказӣ низ бо истифодаи техника ва технологияи замонавӣ корҳои тадқиқотӣ гузаронида, қишри заминро рӯӣ даст оварданд. Тадқиқотҳои комплексӣ вобаста ба ҳолати яхбандии абадӣ гузаронида, динамикаи ҳарорати қишри замин муаян гардид. Дар рафти экспедитсия, тадқиқотҳо бо истифодаи технологияи зондиронӣ ва бо усулҳои геофизикии электрикӣ ва сейсмикӣ барои муаян намудани яхбандии абадӣ ба роҳ монда шуд. Ин тадқиқотҳо дар ҳавзаи кӯли Ховаркӯл (Қарокӯл) ва ағбаи Харгуш гузаронида шуд.
Дар умум зимни гузаронидани экспедитсияи комлексии байналмилалӣ ҳайати гуруҳи экспедитсионӣ маълумотҳои нодири илмӣ ба даст оварданд, ки ин маълумотҳо барои пеш бурдани илми глятсиология ва дар ин замина омода намудани мутахассисони соҳа бениҳоят зарур буда, шароит фароҳам меоранд. Маълумотҳои бадастомада аз ҷониби мутахассисони Марказ ҳаматарафа мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифта, натиҷаи онҳо дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои миллию байналмилалӣ барои нашр пешниҳод хоҳанд гардид.
Кабутов Хусрав
Мудири шуъбаи мониторинги пиряхҳо,
криосфера, глятсиология ва ГИС технологияи
МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”


