БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

Таъсири тағйирёбии иқлим ба динамикаи пиряхҳо дар шароити кӯҳӣ ва оқибатҳои он

Administrator by Administrator
03.09.2025
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
Таъсири тағйирёбии иқлим ба динамикаи пиряхҳо дар шароити кӯҳӣ ва оқибатҳои он
0
SHARES
0
VIEWS

ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ДИНАМИКАИ ПИРЯХҲО ДАР ШАРОИТИ КӮҲӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Пиряхҳо яке аз унсурҳои калидии криосфера буда, дар танзими тавозуни обии глобалӣ, иқлими минтақавӣ ва ташаккули манзараи табиӣ нақши муҳим доранд. Тағйироти шакл, андоза ва ҳаракати пиряхҳо, ки бо истилоҳи динамикаи пиряхҳо маъруфанд, таҳти таъсири равандҳои табиӣ ва омилҳои антропогенӣ ба амал меоянд. Дар замони муосир, бо суръат гирифтани тағйирёбии иқлим ва баландшавии ҳарорати ҳаво омӯзиши ин раванд аҳамияти нав пайдо кардааст, бахусус барои кишварҳои кӯҳистон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташаккул ва афзоиш – пиряхҳо дар минтақаҳое ба вуҷуд меоянд, ки ҳарорати миёнаи солона паст ва бориши барф аз миқдори обшавии он зиёдтар аст. Барфе, ки дар чунин шароитҳо меафтад, тадриҷан зери фишор фишурда шуда, ба ях мубаддал мегардад ва ба шакли пирях ташаккул меёбанд.

Ҳаракат (динамика) – пиряхҳо бо таъсири қувваи ҷозиба ба самти поён ҳаракат мекунанд. Ин ҳаракат метавонад натиҷаи ҷараёнҳои дохилии ях, лағжиши ях бар рӯйи қабати замин ва фишори массаи нав бошад. Ҳаракати пайвастаи пиряхҳо ба тағйирёбии рӯйи замин, ташаккули моренаҳо ва дигар сохторҳои геоморфологӣ мусоидат мекунад.

Обшавӣ ва ақибнишинӣ – бо баландшавии ҳарорати глобалӣ, раванди обшавии пиряхҳо зиёд мегардад. Дар натиҷа, ҳаҷм ва масоҳати пиряхҳо кам шуда, онҳо ба таври назаррас ақибнишинӣ мекунанд. Дар бисёр мавридҳо, пиряхҳои хурд комилан нобуд мешаванд.

Таъсир ва оқибатҳои ҳаракат (динамика)- и пиряхҳо ба табиат:

Тағйироти экологӣ ва гидрологӣ – обшавии пиряхҳо ба болоравии сатҳи баҳру уқёнусҳо ва тағйири реҷаҳои обии дарёҳо оварда мерасонад. Ин равандҳо метавонанд ба кам шудани захираҳои оби ошомиданӣ, таъсири манфӣ ба кишоварзӣ ва халалдор шудани экосистемаҳо сабаб шаванд. Мувофиқи иттилои Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо, аз 25 то 30 фоизи болоравии сатҳи баҳрҳо аз ҳисоби обшавии пиряхҳо сурат мегирад.

Афзоиши хатари офатҳои табиӣ – коҳиши пиряхҳо бо пайдоиши кӯлҳои морена ҳамроҳӣ мекунанд, ки метавонанд рахна шуда, боиси омадани селу обхезӣ шаванд. Ин падидаҳо дар Непал, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бештар ба қайд гирифта мешаванд.

Таъсир ба манзара ва сохти геологӣ – пиряхҳо дар ҳаракати худ массаҳои бузурги сангу хокро бо худ мекашанд, ки ин раванд дар ташаккули дарраҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва дигар шаклҳои релеф нақши муҳим мебозад. Бозмондаҳои ин ҳаракатҳо дар шакли моренҳо ва ҷинсҳои геологӣ мушоҳида мешаванд.

Ноустувории геоморфологӣ – Аз нишебиҳо баровардани пиряхҳо устувории ҷинсҳоро паст карда, ба инкишофи ярч, рехтани сангҳо ва эрозия мусоидат мекунад. Сохтори поёни водӣ дигар мешавад, каналҳои «мурда» ба вуҷуд меоянд.

Таҳдид ба самти кишоварзӣ ва энергетика

Кишоварзӣ ва гидроэнергетика, махсусан дар Осиёи Марказӣ, аз таъминоти устувори об вобаста аст, ки бевосита бо пиряхҳо алоқаманд аст. Аз байн рафтани пиряхҳо метавонад боиси норасоии об, паст шудани ҳосили зироат ва ташаннуҷи иҷтимоӣ гардад.

Вазъи пиряхҳо дар Тоҷикистон

Тоҷикистон кишвари кӯҳсорест, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои пиряхии Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Пиряхҳо дар ин кишвар на танҳо сарчашмаи асосии оби рӯизаминӣ мебошанд, балки дар таъмини устувории муҳити зист ва иқтисодии обӣ низ нақши муҳим доранд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо асосан дар қаторкуҳҳо ҷойгир мебошанд, ки ҳаракати пиряхҳо дар аксари минтақаҳо мушоҳида карда шудааст. Ин гувоҳи он аст, ки дар кишвари куҳсори Тоҷикистон низ ҳаракти пиряхҳо ба табиат ва пайдоиши шаклҳои нави релеф таъсиргузор мебошад.

Боиси қайд аст, ки бисёре аз пиряхҳои хурде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд дар 50 соли охир ё хеле коҳиш ёфтаанд ё пурра аз байн рафтаанд. Ин тағйирот боиси коҳиши ҷараёни об дар дарёҳо, хавфи зиёд шудани хушксолӣ ва мушкилоти обрасонӣ дар фаслҳои гарм мегардад.

Хулоса

Динамикаи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ нишондиҳандаи муҳими тағйирёбии иқлим ва яке аз омилҳои муҳими ба рушди устувори минтақаҳо таъсиркунанда мебошад. Таназзули пиряхҳо на танҳо таҳдидҳои экологӣ, балки иҷтимоӣ-иқтисодиро низ ба бор меорад. Дар шароити бӯҳрони иқлимӣ барои мониторинги илмӣ, идоракунии устувори об ва татбиқи стратегияҳои мутобиқшавӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

 

 

 

Previous Post

Саҳми бонувони пиряхшинос дар рушди илми ватанӣ

Next Post

Қабатҳои яхбастаи бисёрсола ва нақши онҳо дар пешгирии таназзулёбии пиряхҳо.

Administrator

Administrator

Next Post
Қабатҳои яхбастаи бисёрсола ва нақши онҳо дар пешгирии таназзулёбии пиряхҳо.

Қабатҳои яхбастаи бисёрсола ва нақши онҳо дар пешгирии таназзулёбии пиряхҳо.

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ