Логотип

Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

STATE INSTITUTION “INSTITUTE FOR GLACIERS AND CRYOSPHERE STUDIES” UNDER THE NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

   

Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон

МУАЛЛИФОН: ШЕРАЛИЗОДА Н.Ш., НАВРУЗШОЕВ Ҳ.Д., САИДЗОДА С.М.,

ТАҲТИ РОҲБАРИИ ШЕРАЛИЗОДА Н.Ш.

Ҳавзаи дарёи Кофарниҳон

Минтақаи пиряхии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар ҷануби системаи кӯҳии Тян-Шон, дар доманакӯҳҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст, ки шохаи қисми шарқии қаторкӯҳи Зарафшон ба ҳисоб меравад. Баландии максималӣ дар ин минтақа тақрибан 5000 м аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад, дар қисми ғарбии қаторкӯҳ бошад, қуллаҳои алоҳида аз 4500 м баланд намешаванд.

Дар ҳудуди ҳавзаи дарёи Кофарниҳон 327 пирях ба қайд гирифта шудаанд, ки масоҳати умумии онҳо 106,0 км²-ро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, 63 пирях масоҳати камтар аз 0,1 км² доранд ва дар маҷмӯъ 2,9 км²-ро ишғол мекунанд. Масоҳати миёнаи як пирях 0,32 км²-ро ташкил медиҳад, вале агар пиряхҳои хурд (камтар аз 0,1 км²) ба ҳисоб гирифта нашаванд, ин нишондиҳанда ба 0,39 км² мерасад. Пиряхҳои калон дар ин ҳавза кам ба назар мерасанд. Пиряхҳои сершумор асосан масоҳати аз 0,1 то 0,9 км² дошта, тақрибан ду се ҳиссаи шумораи умумии пиряхҳоро ташкил медиҳанд. Баландии миёнаи хати поёнии пиряхҳо дар ҳудуди ҳавзаи дарёи Кофарниҳон тақрибан 3650 м муайян шудааст.

Харитаи яхбандии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон