Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисоди ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касби ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёси ва муноқишаҳои дохили фарогир буд, Тоҷикистони тоза истиқлол ба таъсиси қувваҳои мусалаҳи худ шурӯъ намуд. Барои бунёди он ягон заминаи моддиву техники вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ аз сифр шурӯъ шудааст. Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шудааст.
18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расида, он дар заминаи “Фронти халқӣ” ва қувваҳое, ки Ҳукумати конситутсиониро ҷонибдори мекарданд таъсис дода шуд.
Ҳаминтариқ 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои фоҷиабори ҷангӣ шаҳрванди якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ҳимояи марзу буми ватан безарар гардонидани гуруҳҳои ифротгаро ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.
Имсол 34 солагии рӯзи Артиши Миллиамонро ҷашн мегирем. Таи 34 соли фаъолият артиши милли рузҳои сахту сангинро пушти сар карда,аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имруз ба нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромию осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азизамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст. Ҳамзамон, бо беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани музди меҳнат, таъмин бо манзил ва кафолатҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси миллӣ сармоягузории мақсаднок ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа, заминаҳои иқтисодии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳким ёфта, иқтидори мудофиавии кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.
Имрӯзҳо дар замони дигаргуншавии вазъи сиёсии ҷаҳон мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода барои суботи анмияту манфиати давлат саҳмгузор бошем. Зеро дар сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43 омадааст: “Ҳивзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият анмият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқадаси шаҳрванд аст”.
Қодиров Ҳалим -ходими хурди илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”–и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

