Имрӯз (02.10.2024) дар Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ҷаласаи васеъ бахшида ба ҳисоботи 9-моҳа бо иштироки ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т., ва котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғаффоров А.А. баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласаи васеъ як масъала- ҳисоботи нӯҳмоҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаро директори Марказ, н.и.г.м, Шерализода Н.Ш. оғоз бахшида, ҳамаи меҳмононро хушомадед гуфта, ҳисоботи 9 моҳаи Марказ ро қироъат намуданд.
Алалхусус гуфта шуд, ки дар ин мӯҳлат дар Марказ фаъолияти илмӣ дар 10 самт бурда шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 15 мақолаи илмӣ ба табъ расида ва 11 адад аз онҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва 4 адад дар маҷаллаҳои Scopus ба нашр расидаанд.
Инчунин доир ба ҳамкориҳои дохиливу хориҷии Марказ маълумот дода шуд. Сипас, ноиби Президенти Академия милли илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т. аз камбудиҳою дастовардҳо суханронӣ карда, баҳри боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан ба маъмурияти Марказ ва кормандони он супоришҳои мушаххас доданд.