«Пешрафти давлат ба ривоҷи илм ва натиҷаҳои он вобаста аст» Э. Раҳмон.
«Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро мустақилона пеш мебарад».
Ҳар як халқу миллат таърихи худро дорад, ки пешравию тараққиёт, озодию ободонӣ, гулгулшукуфию сарсабзиҳо, таназзулу пошхӯрӣ ва мутаҳидии сарзамини аҷдодӣ дар он сабт гардидааст.
Дастовардҳои илму техникаи муосир дар шароити кунунӣ, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳаввулоти куллиро ба миён овард. Маҳз самараи истиқлолият буд, ки ҳайати кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баҳри таъмини фаъолияти босамар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони марказро водор менамояд, ки дастовардҳои ҳаётан муҳим ва ҷавобгӯйи талаботи давру замон ба даст оварда шаванд.
Яке аз дастоварҳои Марказ дар даврони истиқлолият ин ба экпедитсияҳо сафарбар намудани ҷавонон ва бонувони болаёқату кордон мебошад, ки ҷиҳати гузаронидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ кушишу ғайрати худро дареғ намедоранд.
Ногуфта намонад, ки агар соли гузашта теъдоди экспедитсияҳои 20 адад-ро ташкил дода бошад соли 2024 шумораи онҳо ба 30 адад расид, ки нисбати соли гузашта 1,5 баробар зиёд аст.
Роҳбарияти Марказ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони ҷавони Марказ онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Ин онҳоро водор менамояд, ки минбаъд содиқонаву аҳлона ва бо масъулияти баланди ватандориву ватансозӣ, меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ меҳнат карда, заҳмат кашанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони Марказ ва аҳли ҷомеаро бо рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, саодатмандӣ, хонаободӣ, осмони софу беғубор, сулҳу салоҳ, осоиштагӣ ва ба корҳояшон фаъолияти пурсамарро таманно дорам.
Майсара Абдуллоева – корманди МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”