МАШВАРАТИ КОРӢ БО МУТАХАССИСОНИ САМТИ ПИРЯХШИНОСӢ
Пас аз боздид аз намоишгоҳи асбобу таҷҳизоти махсусгардонидашудаи омӯзиши пиряхҳо ва дастовардҳои олимони Муассисаи давлатии илми “Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимон ва мутахассисони марказ машварати корӣ доир намуд.
Дар суханронӣ хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт саравал ба роҳбарияти муассиса барои муҳаё намудани шароити хуби корӣ барои кормандон изҳори минатадорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам тибқи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати муайян шуда, Муассисаи давлатии илми Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шароити замонавӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки боз ҳам баро пешбурди фаъолияти кормандон мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба ин кормандони самти пиряхшиносӣ бояд фаъолияти худро дар ин самт тақвият дода ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Пеш аз ҳама барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо корҳои муҳимро ба анҷом расонидан зарур аст.
Сипас, роҳбарияти Муассисаи давлатии илми “Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва корбарӣ ҷиҳати татбиқи босамари қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034” дастурҳои мушаххас доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки омӯзиши фосилавии пиряхҳо дар доираи лоиҳаи буҷетии илмии “Кор карда баромадани Феҳристи (Атлас) – пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои инноватсионии геоиттилоотӣ барои солҳои 2022-2026” мониторинги фосилавии пиряхҳо роҳандозӣ гардидааст.