Санаи 11- уми сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бахшида ба “Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат – омили ваҳдату ҳамбастагии башарият” Конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдумалик Холиқзода меҳмононро барои иштирок ва суханрониашон дар чорабинии мазкур хайра мақдам гуфт.
Дар кори Конференсия аз кумита ва вазоратҳои дахлдор аз қабили муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ, сармуҳаррири рӯзномаи “Ваҳдат” Умридин Юсуфӣ, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон намояндаи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Парвизи Ҳотам иштирок намуданд.
Баъди баромадҳои намояндагони Кумитаю вазоратҳо Парвизи Ҳотам доир ба мавззуи дар боло зикргардида бо суханони пурмӯҳтавои худ диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Меҳмонон ва ҳозирини гиромиқадр!
Мояи ифтихор аст, ки ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва об дар раванди тағйирёбии иқлим, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона ва бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ карда шуд.
Тибқи ин қатънома:
- Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
- Аз оғози соли 2025 минбаъд, ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил карда мешавад.
- Таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли СММ Хазинаи байналмилалии мақсадноки қобили эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
- Соли 2025, дар шаҳри Душанбе, Конфронси байналмилалии сатҳи баланди СММ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ гардонидани қатъномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2023, № 407 қарори дахлдор қабул намуд, ки мувофиқи он ҳамаи ташкилоту идораҳо ва вазорату кумитаҳо вазифадор шуданд ҳар кадом дар самти фаъолияти худ дар ин ҷода саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори қарори мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ нақша – чорабиниҳо таҳия гардида, айни замон мавриди корбарӣ қарор дода шудааст.
Қабули қатъномаи мазкур, бешубҳа гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, он дар пешбурди масоили ҷаҳонии пиряхҳо, обу иқлим ва мавзӯъҳои дигари марбут ба онҳо, дар ҷаҳон, ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.
Чунончӣ, рӯзҳои 11-14 – уми июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони давлатҳо, коршиносону таҳлилгарони сатҳи баланди масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 мамлакати дунё ширкат варзиданд.
Тағйирёбии сартосарии иқлим дар сайёра, сол то сол гармшавии ҳаво мушкилоти ҷиддии экологиро ба бор меорад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба коҳиш ёфтани пиряхҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ муасир буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034”-ро тасдиқ намуд.
Дар ин қатънома аҳаммияти ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба криосфера ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дарҷ гардида, аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе даъват намудани Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо истиқбол карда шудааст.
Бо қабули ин ташаббус нақши боризи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ пешбурди масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо бори дигар собит гардида, кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” изҳори омодагӣ иброз намуданд.
Дар фарҷом Парвизи Ҳотам иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори он дар самти амалигардонии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шудаанд, албатта саҳми арзандаи худро мегузорад.