7 – уми марти соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” вобаста ба Рӯзи модар ҷамъомад баргузор гардид.
Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории чорабинӣ суханони табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Зан – Модар пахш гардид, ки онро аҳли кормандони муассиса шуниданд.
Сипас директори муассисаи номбурда, профессори шинохта Абдулҳамид Қаюмов низ оид ба бузургдошти Зан – Модар тарбиятгари насли башар суханҳои пурмуҳтаво ронда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол мақоми занон дар ҷомеа боз ҳам боло рафт ва бо қабули Фармон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз таърихи 3 – юми декабри соли 1999 бонувони тоҷик ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб карда шуданд.
Профессор Абдулҳамид Қаюмов инчунин ҳамаи кормандон, бонувонро бо ин рӯзи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама саломативу муваффақиятҳо, дар корҳои илмиашон бурдбориҳо таманно намуд. Тибқи барнома ба чанде аз кормандон низ сухан дода шуд, ки онҳо хонумонро ба забонҳои тоҷикӣ (Убайдуллои Убайдулло ва Саидбек Ғозиев), русӣ (Қодир Муслимов) ва англисӣ (Тағоймурод Давлатов) табрикоти идона намуданд. Дар кори ҳамоиш санъаткорони ансамбли “Гулшан” бо рақсу сурудҳояшон ҳамоишро боз ҳам рангинтар намуданд.
Имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирии беандоза шуда истодааст.
Тавре, ки дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шудааст ва тибқи маълумотҳо дар соҳаҳои маориф 73 % занҳо, тандурустӣ 71%, фарҳанг 47%, бонкдорӣ 39%, алоқа 25% ва дар маҷмуъ 40% занҳо ҳамчун хизматчии давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият менамоянд зикр кард, директори марказ Абдулҳамид Қаюмов.
Баъд аз супоридани туҳфаҳо аксбардории хотиравӣ доир гардид. Дар фарҷоми барнома роҳбари Анҷумани “Занони пиряхшинос” Дилором Қаюмова ҳамаи бонувон ва модарони азизро бо фарорасии Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно намуд.