5 марти соли 2026 дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа роҳбарияти Марказ бонувонро ба муносибати фарорасии иди баҳору зебоӣ – иди бонувон самимона табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти илмӣ ва зиндагии шахсӣ орзу намуданд.
Қайд гардид, ки занон дар ҷомеаи муосир, бахусус дар соҳаи илм, маориф ва ҳифзи муҳити зист саҳми назаррас доранд.
Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки бонувони Маркази омӯзиши пиряхҳо АМИТ дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омӯзиши пиряхҳо, мониторинги равандҳои криосфера ва таҳқиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии кишвар фаъолона иштирок доранд. Саҳми онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои илмӣ, гузаронидани корҳои саҳроӣ ва таҳияи таҳқиқоти илмӣ барои рушди соҳаи криосфераи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа аз дастгирию шароити фароҳамгардида барои фаъолияти илмии бонувон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки роҳбарияти Олии кишвар вобаста ба мақоми зан дар ҷомеа диққати махсус равона намудааст. Чунин ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати занону бонувон барои рушди устувори ҷомеа ва пешрафти илми миллӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бонувони Марказ бо суханони табрикотӣ ва орзуҳои нек қадрдонӣ гардида, ба онҳо барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаашон дар рушди илм изҳори сипос карда шуд.




