БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

Ҷавонон нерӯи созандаи Ватан

Administrator by Administrator
16.06.2025
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
Ҷавонон нерӯи созандаи Ватан
0
SHARES
0
VIEWS

«Барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардида, онҳоро зарур аст, ки ҳар лаҳзаи умрро самаранок истифода бурда, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд”

Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат ҳамеша такя ба ҷавонон мекунанд. Зеро ҷавонон нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошанд. Имрӯзҳо ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки барои бомуваффақият амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла «Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» омода ва қабул гардиданд.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст, ки мисоли он таъсиси мақомоти ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маблағгузории фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути барномаҳои соҳавӣ, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани санаи 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис дода шудани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсиси квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзишӣ, мавзеъву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Барои ин ҷавононро зарур аст, ки доимо пайи омӯзиш, равнақи илму дониш ва баланд бардоштани тафаккуру васеъ намудани ҷаҳонбинии худ бошанд. Ҳар як фарди ақли солиму расо дошта, бояд воқеоти ҷаҳонро таҳлил ва хулосабарорӣ карда тавонад. Дар ин сурат, ҳеҷ гоҳ ягон нафар ҷавон шомили гурӯҳҳои ифротӣ намегардад, дигаронро низ барои баргаштан аз ин роҳи бад эмин нигоҳ медорад. Барои тарбияи насли наврас ва бунёди ҷомеаи солим тамоми аъзои ҷомеа бояд масъулиятнок бошанд ва ҷавобгариро эҳсос намоянд.

Ҷаҳонишавии замони муосир аз ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон дар роҳи аз бар намудани донишҳои назариявӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва содиқу вафодори миллату давлат буданро тақозо дорад. Чунки то ба ҳол на ҳама имконияту нерӯи хешро ҷавонони мо ба пуррагӣ истифода намуда истодаанд.

Беҳуда нест, ки ҳанӯз 2500 сол пеш файласуфи маъруф Арасту гуфта буд, ки, асоси давлатдорӣ ин илм, фан ва маориф аст.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
“Рӯзи ҷавонон”  муборак бошад, ҷавонони бо нангу ори кишвар!

Камолова Дилбар –  ходими илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Previous Post

ТАМОЮЛҲОИ МУОСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА ПИРЯХҲО

Next Post

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСОСИ РУШДУ НУМУИ ҶАВОНОН

Administrator

Administrator

Next Post
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСОСИ РУШДУ НУМУИ ҶАВОНОН

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСОСИ РУШДУ НУМУИ ҶАВОНОН

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ