ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 1-уми сентябр бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки васеи ҳайати кормандон, ходимони илмӣ, магистрон ва доктор PhD баргузор гардид.
Директори марказ Шерализода Назриало нахуст ҳайати кормандон, ходимони илмӣ, магистрон ва доктор PhD ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва фаро расидани соли таҳсили 2025-2026 – ро бахусус ба магистрону доктор PhD ва унвонҷуён самимона табрик намуда, ба онҳо дар таҳсилашон муваффвқиятҳои беназир орзу намуданд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиримодошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама гувоҳи равшани ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад, ки дар ин маврид қайд менамоянд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Таҷлили рӯзи дониш, хондани Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд.
Рӯзи дониш муборак!


