Таърихи омузиши пиряхҳои Тоҷикистон
Омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аввалин маротиба аз соли 1870-1871 оғоз гардидааст. Нахуст олимони Ҷамъияти географии Рус соли 1871 пиряхи Зарафшонро кашф намуданд ва аввалин таҳқиқотҳо оиди пиряхи Зарафшон ва Рама аз соли 1872 оғоз гардид. Худи ҳамин сол таҳқиқотҳо дар ҳавзаи дарёи Сурхоб (Қизилсу) оғоз гардида, нахустмаълумотҳо дар бораи қаторкӯҳҳои Олой, Пасиолой ва пиряхи Ленин ба вуҷуд омаданд. Пас аз кашфи пиряхи Зарафшон диққати олимони русро омӯзиш ва таҳқиқоти илмии пиряхҳои Тоҷикистон ҷалб менамояд. Алакай соли 1876 аввалин маълумотҳои илмӣ оиди пиряхҳои №414-683-и ҳавзаи дарёи Муксу пайдо шуданд. Пас аз ду сол, яъне соли 1878 аз тарафи олимони шуъбаи Туркистони Ҷамъияти дӯстдорони табиат, антропология ва этнографияи Москва қаторкӯҳҳои Петри якум, водии Баландқиик ва пиряхи Федченко кашф гардиданд. Соли 1887 пиряхҳои болооби дарёи Танимас ва маълумоти мухтасар дар бораи пиряхҳои Грумм-грижимайло, Тахмурас (Танимас) ва Тахмураси шимолӣ (Танимаси шимолӣ) ба вуҷуд омаданд. Пас аз як муддате соли 1894 А.С.Баршевский пиряхи Северсоваро кашф кард ва соли 1895 И.Л.Яровский бошад, маълумоти мухтасар дар оиди ин пирях пешниҳод намуд. Соли 1897 дар ҳавзаи дарёи Обихингоб пиряхҳои Баралмос (62-63) ва Пиётри як (69, 72, 74) аз ҷониби В.И.Липский кашф гардид.
Аз соли 1901 инҷониб омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон авҷ гирифта, ҳавзаи дарёҳо ва пиряхҳои нав кашф гардиданд. Аз ҷумла солҳои 1901-1904 олимони Ҷамъияти географии Россия дар якҷоягӣ бо Б.А.Федченко ҳавзаи дарёи Панҷи болооби дарёи Ғундро пурра омухтанд ва харитаи зиёда аз 100 пирях дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара, Ишкошим ва Рушонрро муайян намуданд. Аллакай соли 1909 гурӯҳи корӣ бо сардории Н.И.Касиненко аз водии Бартанг ба водии дарёи Ракзоу гузашта аввалин маротиба пиряхи Ракзоуи ҳавзаи дарёи Язгуломро фатҳ намуданд.
Дар ин давра таҳқиқотҳо ва кашфи пиряхҳо дар Тоҷикистон вусъат гирифта, соли 1923 гурӯҳи кории олимони рус бо сардории Н.Л. Корженевский ҳавзаи дарёи Мурғобро фатҳ карданд ва аз ин ҷониб тадқиқотҳо дар ҳавзаи дарёи Мурғоб шуруъ гардиданд. Пас аз кашфи ҳавзаи дарёи Мурғоб соли 1928 олимони Академияи илмҳои СССР бо сардории Р.Финстер Валдер ҳавзаи кули Қаракулро пурра омӯхтанд.
Соли 1933 гурӯҳи экспедитсионии тоҷику-помири Ҷамъияти географӣ таҳқиқотҳои аввалинро оиди пиряхҳои қисми ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор дар ҳавзаи Сурхандарё ба роҳ монда шуд. Гурӯҳи мазкур ба таҳқиқотҳои худ идома бахшида, солҳои 1959 – 1961 пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳонро мавриди омӯзиш қарор доданд. Объекти омӯзишии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар ин муддат асосан пиряхи №25 (пиряхи Игизак) буд ва қисми забонаи пиряхи мазкур пурра омӯхта шуд. Шуруъ аз соли 1962 то соли 1971 дар ҳавзаи дарёи Варзоб (шохоби рости дарёи Кофарниҳон) пиряхи Якарча мавриди омӯзиш қарор гирифт. Инчунин дар ин муддат дар давоми солҳои 1962-1967 пиряхҳои Ярхич, Сарбоғ ва Санчикори ҳавзаи дарёи Сурхоб омӯхта шуданд.
Институти географияи СССР соли 1968 пас аз тадқиқотҳои солҳои 1962-197 дар ҳавзаи дарёи Сурхоб дубора таҳқиқотҳоро дар ин ҳавза ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо Раёсати гидрометереологии РСС Тоҷикистон тамоми пиряхҳои ҳавзаи дарёи Сурхобро аз назари илмӣ гузарониданд.
Пиряхҳои Тоҷикистон пас аз ба нашр расидани Каталоги пиряхҳои СССР соли 1980 то даҳсолаи дуввуми асри 21 қариб, ки аз омӯзиш боз монданд. Танҳо якчанд пиряхҳои бузург омӯхта шуданд ва пас аз солҳои 90-уми асри гузашта омӯзиши пиряхҳо дар ҷумҳурӣ пурра аз фаъолият боз монда буд.
Бо шарофати Истиқлолият ва Ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат президенти Ҷкмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши пиряхҳо аз нав эҳё гардид. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат соли 2018 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” ташкил карда шуд. Пас аз ба фаъолият оғоз намудани маркази мазкур омӯзиши пиряхҳо бо роҳу усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, Феҳристи (атласи) пиряхҳои Тоҷикистон омодаи нашр гардидааст.