БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

ТАМОЮЛҲОИ МУОСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА ПИРЯХҲО

Administrator by Administrator
16.06.2025
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
ТАМОЮЛҲОИ МУОСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА ПИРЯХҲО
0
SHARES
0
VIEWS

Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ дар замони муосир ба шумор меравад, ки ба системаҳои табиӣ ва фаъолияти инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Раванди мазкур ҳам сабабҳои табиӣ ва ҳам антропогении марбут ба фаъолияти хоҷагидории инсон дорад, ки дар натиҷа он ҳам ба табиат ва ҳам ба инсоният таъсири манфӣ мерасад. Таъсирни манфии он дар шакли баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳаво дар сайёра, тағйир ёфтани реҷаҳои боришот, афзоиши фишори офатҳои табиӣ ва таназулёбии экосистемаҳои табиӣ мушоҳида мегардад. Яке аз пайомадҳои аён ва нигаронкунанда дар натиҷаи тағйирёбии иқлим — обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки таъсири амиқ ва тахрибикунанда ба захираҳои об, мувозинати экологӣ ва устувории иқтисодиро дар тамоми сайёра дар пай дорад.

Сабабҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим

Тағйирёбии иқлим ба як гурӯҳ омилҳо вобаста аст, ки аз миёни онҳо таъсири мавҷудияти газҳои гулхонаӣ дар атмосфера асосӣ арзёбӣ мегардад. Манбаъҳои аслӣ барои паҳншавии ин газҳо фаъолияти инсонӣ аст, ба мисли сӯзонидани сӯзишворӣ (углерод, нефту газ) барои истеҳсоли энергия, саноат ва нақлиёт. Аз миёни газҳои гулхонаӣ дуоксиди карбон (CO2) бештар мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки устувории дарозмуддат дар атмосфера дошта, боиси захирашавии гармӣ ва баланд шудани ҳарорат дар сатҳи Замин мегардад.

Пайомадҳои тағйирёбии иқлим хеле гуногун буда, ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёт дар рӯи Заминро таъсир мерасонанд. Аёнтарини онҳо тағйирот дар гардиши гидрологӣ, афзоиши офатҳои табиӣ (баландшави  сатҳи об, обхезӣ, хушксолӣ, сӯхтори ҷангал) ва ҳамчунин, таназулёбии захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо дар нигоҳ доштани захираҳои об нақши муҳим доранд, ки на танҳо экосистемаҳои табиианд, балки барои аҳолии бештари сайёра сарчашмаи асосии оби ошомиданианд.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон

Дар даҳсолаҳои охир, тағйирёбии иқлим як хатари глобалии асосӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, табдил ёфтааст. Дар Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳо назаррас буда, ин боиси коҳиш ёфтани захираҳои оби кишвар, ки ба гидроэнергетика ва кишоварзӣ такя мекунанд, мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузург обӣ аст, эҳтимолан дар оянда бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки ин метавонад ба рушди иқтисодӣ, устувории экосистемаҳо ва сифати ҳаёти аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.

Тоҷикистон ба шиддат ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим вокуниш нишон дода, иқдомоти зиёде барои коҳиш додани таъсироти ин равандро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, кишвари мо бо иштироки фаъол дар ташаббусҳои байналмилалӣ барои кам кардани таъсири омилҳои антропогенӣ дар тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои табиӣ, нақши муҳиме мебозад.

Нақши пиряхҳо дар гардиши гидрологӣ ва аҳамияти онҳо барои экосистема 

Пиряхҳо на танҳо дар системаи иқлимии Замин нақши муҳим доранд, балки манбаъҳои асосии оби тоза барои миллионҳо одамон, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, мебошанд. Обшавии пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ мегардад, ки ин хатар барои экосистемаҳои соҳилӣ ва кишварҳои ҷазиравӣ хатари ҷиддӣ мебошад.  Инчунин, коҳишёбии босуръати пиряхҳо таъсири манфӣ ба гардиши гидрологӣ мерасонад, зеро пиряхҳо захираҳои бузурги обӣ мебошанд, ки дар давраҳои хушксолӣ ва фасли тобистон барои рушди устувории ҳаёти инсоният истифода мешаванд.

Коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо ҳамчунин ба кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, инчунин ба низоми энергетикӣ ва экологӣ дар кишварҳое, ки аз пиряхҳо вобастаанд, таъсир мерасонад. Таназзулёбии пиряхҳо метавонад ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии глобалӣ оварда расонад, чунки ҳаёти миллиардҳо одамон аз захираҳои обӣ вобаста аст.

Иқдомҳои байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо

Иқдомоти глобалӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои охир аҳамияти зиёд касб намудаанд. Дар ин замина, ҳамкориҳои байналмилалӣ барои коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба манбаъҳои энергетикии таҷдидшаванда ва ҳифзи экосистемаҳо, аз ҷумла пиряхҳо, нақши калидӣ доранд. Яке аз иқдомҳои муҳими Тоҷикистон дар ин соҳа пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шуда, Фонди боварии байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфт.

Дар доираи ин ташаббус, 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар гардид, ки он ҳамчун ҳушдорӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад то тадбирҳои фаврӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати онҳо андешида шаванд.

29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад, ки олимон, мутахассисон, сиёсатмадорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ барои баррасии роҳҳои коҳиш додани таъсироти тағйирёбии иқлим ва таҳияи стратегияи самарабахш барои ҳифзи пиряхҳо ҷамъ хоҳанд шуд.

Маълум аст, ки ин чорабинӣ як платформаи муҳим барои мубодилаи таҷрибаҳо, таҳияи роҳҳои нави  ҳалли мушкилоти таназулёбии босуръати пиряхҳо ва ҳамоҳангсозии иқдомоти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.

Хулоса: зарурати иқдомоти глобалӣ барои ҳаллу фасли масъалаи тағйирёбии иқлим.

Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо – таҳдидҳое ба ҳаёти инсоният мебошанд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкории зич миёни давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ метавон онҳоро бартараф кард. Барои мубориза бо ин таҳдидҳои глобалӣ лозим аст, ки чораҳои ҳамоҳангшудаи тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шавад. Махсусан, муҳим аст, ки ҳар як фард огоҳ бошад, ки тағйирёбии иқлим ҳаматарафа ба ҳаёти инсоният таъсир мерасонад, ва ҳифзи пиряхҳо вазифаи танҳо олимон ва коршиносони соҳа нест, балки масъулияти ҳар як фард мебошад,

Тоҷикистон, ҳамчун як кишваре, ки дар ташаббусҳои глобалӣ фаъолона иштирок мекунад, саҳми муҳимро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим мегузорад, идеяҳо ва иқдомҳои навро дар самти ҳифзи экосистемаҳо пешниҳод мекунад. Нақши конференсияҳои байналмилалӣ, ба монанди конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оиди ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе (29-31 майи соли 2025) барои муҳайё кардани платформаи мубодилаи таҷрибаҳо, таҳияи стратегияҳои нав ва ҳамоҳангии иқдомоти байналмилалӣ дар масоили ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии паёмадҳои манфии он заминаи созгор фароҳам меоварад.

 

Абдуллов Ҷ.Д. – мудири Шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ.

Previous Post

Ёде аз корномаи халабондухтари тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Ойгул Муҳаммадҷонова

Next Post

Ҷавонон нерӯи созандаи Ватан

Administrator

Administrator

Next Post
Ҷавонон нерӯи созандаи Ватан

Ҷавонон нерӯи созандаи Ватан

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ