Душанбе, 11 ноябри соли 2025.
Дар толори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ оид ба модули «Криосфера» баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмато ва Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ дар доираи лоиҳаи ГЭФ–ПРООН–ЮНЕСКО таҳти унвони «Пешбурди устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дар арзёбии системаҳои глятсионивалӣ барои таҳияи роҳҳои мукаммали рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар семинар олимони пешсаф дар соҳаи глятсиология, география ва иқлимшиносӣ, инчунин намояндагони шарикони байналмилалӣ ва муассисаҳои таҳқиқотӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни семинар зери мавзӯъҳои асосӣ маърӯзаҳо пешниҳод ва муҳокима гардиданд, аз ҷумла:
- «Криосфера ва ҷузъҳои асосии он» — маърӯзаи номзади илмҳои геолого-минералогӣ Шерализода Н.Ш.;
- «Усулҳои мониторинги гляциологӣ: истифодаи рейкаҳои “смарт” ва сенсорҳо» — маърӯзаи Кабутов Х.К.;
- «Ҳолати муосири криосфера» — маърӯзаи Шерализода Н.Ш.;
- «Усулҳои муосири ҳисобу таҳлили мувозинати массаи пиряхҳо (дар мисоли пиряхи Зулмарт, ҳавзаи Ховаркӯл)» — маърӯзаи Кабутов Х.К.;
- «Мониторинг ва пешгӯии пиряхҳои пульсиронии Тоҷикистон (дар мисоли пиряхҳои С. Нафисӣ ва Деҳдал)» — маърӯзаи Саидзода В.Я.;
- «Нақши ҳамкории байналмилалӣ дар омӯзиши криосфера дар доираи лоиҳаҳои минтақавӣ ва ташаббуси ICE Memory» — маърӯзаи доктор Томас Сакс.
Дар рафти муҳокимаҳо иштирокчиён таҷрибаи худ оид ба истифодаи технологияҳои муосири мониторинги глятсиологӣ мубодила намуда, зарурати татбиқи абзорҳои инноватсионӣ — аз қабили стансияҳои автоматӣ, рейкаҳои “смарт” ва усулҳои дурдасти мушоҳидахоро таъкид карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тағйироти пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба захираҳои обии минтақа равона гардид.
Маърӯзачиён зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳқиқи криосфера ва инчунин дастгирӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавонро таъкид намуданд.
Дар хотимаи семинар тавсияҳо оид ба рушди мубодилаи илмӣ, такмили усулҳои мониторинг ва ҳамгироии маълумоти бадастомада ба моделҳои иқлимии минтақавӣ пешниҳод гардиданд.
Семинар бо ҷамъбасти натиҷаҳо ва изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи иштирокчиён ва шарикони лоиҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди таҳқиқоти криосфераи Осиёи Марказӣ анҷом ёфт.






