Дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф 2020-2040” ва дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии таёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” инчунин “Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон, барои давраи солҳои 2026-2034” дар Маркази омӯзиши пиряҳҳои АМИТ санаи 4-уми марти соли равон семинари навбатии илмӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар Қодиров Ҳалим, ходими хурди илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва тадқиқоти равандҳҳои криосферии Марказ дар мавзӯи “Арзёбии раванди коҳишёбии пиряхҳои Шохобҳои дарёи Обизангӣ дар ҳавзаи дарёи Обихингоб” баромад намуда, аз натиҷаи таҳқиқотҳои илмии гузаронидааш оид ба 20 адад пиряхҳои бузурги ҳавзаи дарёи Обизангӣ, маълумот дод. Тибқи таҳлилҳои номбурда бинобар гармшавии глобалии иқлим аз 20,6 км2 масоҳати умумии пиряхҳо дар соли 1993 то ба 8,6 км2 дар соли 2024 коҳиш ёфтааст, ки ин 41,7% масоҳати умумии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Обизангиро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки раванди обшавии босуръати пиряхҳои кишвар дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор рафта, мутахассисон ва олимони Марказ пайваста дар ин самт таҳқиқот мегузаронанд.




