Семинари_илмӣ. РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ
Санаи 9 апрели соли ҷорӣ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” семинари илмӣ дар мавзуи: “Раванди оби Душанбе: имконияти татбиқи ҳадафҳои қатъномаи ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади иилмҳои геология ва минерология оғоз намуд.
Сипас, тибқи барнома маърӯзаи Қаюмов А. Сарходими илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ дар мавзуъи “Моҳияти қатъномаи соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пииряхҳо” Ҳомидов А. ходими калони илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ дар мавзуъи “Раванди оби Душанбе: таҷриба ва натиҷаҳо” баромад намуданд.


