РУССКИЙ БАННЕР
  • Главная
  • Центр
    • История формирования Центра
    • Структура центра
    • Администрация центра
    • Ученый совет
  • Научные новости
    • Новости
    • Семинары
    • Конференции
  • Деятельность
    • Научно-исследовательская деятельность
    • Научно-образовательная деятельность
    • Сотрудничества
    • Ассоциация женщин-гляциологов
  • Ледники Таджикистана
    • База данных ледников Таджикистана
      • Пульсирующие ледники Таджикистана
      • Ледники бассейна реки Гунд
      • Ледники бассейна Ховаркул
      • Ледники бассейна реки Зеравшан
      • Ледники бассейна реки Кафирниган
    • История изучения ледников Таджикистана
  • Публикации
    • Научный журнал криосфера
    • Книги и монографии
    • Научные статьи
  • ГОД СОХРАНЕНИЯ ЛЕДНИКОВ
    • Резолюция ООН
    • Выступления Лидера нации
    • Мероприятия Центра
  • RU
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Главная
  • Центр
    • История формирования Центра
    • Структура центра
    • Администрация центра
    • Ученый совет
  • Научные новости
    • Новости
    • Семинары
    • Конференции
  • Деятельность
    • Научно-исследовательская деятельность
    • Научно-образовательная деятельность
    • Сотрудничества
    • Ассоциация женщин-гляциологов
  • Ледники Таджикистана
    • База данных ледников Таджикистана
      • Пульсирующие ледники Таджикистана
      • Ледники бассейна реки Гунд
      • Ледники бассейна Ховаркул
      • Ледники бассейна реки Зеравшан
      • Ледники бассейна реки Кафирниган
    • История изучения ледников Таджикистана
  • Публикации
    • Научный журнал криосфера
    • Книги и монографии
    • Научные статьи
  • ГОД СОХРАНЕНИЯ ЛЕДНИКОВ
    • Резолюция ООН
    • Выступления Лидера нации
    • Мероприятия Центра
  • RU
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд

Administrator by Administrator
20.01.2024
in Новости
0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
0
SHARES
0
VIEWS

ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, сарони як қатор кишварҳо ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки кишварҳои мо имсол дар остонаи баррасии ҳамаҷонибаи татбиқи Барномаи амали Вена барои даҳсолаи 2014-2024 барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ қарор доранд. Бинобар ин соли равон барои мо марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Изҳори умед карда шуд, ки бозбинии ҳамаҷониба зимни Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид (2024) барои ҳалли эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҷалби кумакҳои байналмилалӣ имкони муносиб фароҳам хоҳад овард.

Дар робита ба ин, истифодаи мақсадноки иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ барои дастрасии зудтар ба ҳадафҳои рушди устувор зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба ӯҳдадориҳои худ дар ростои муқаррарот ва тавсияҳои Барномаи амали Вена барои таҳкими пайванди он ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, инчунин мусоидат ба густариши тиҷорати зерминтақавӣ ва минтақавӣ мувофиқем.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат оид ба иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ҷонибдории кишвар аз татбиқи усулҳои “иқтисоди сабз”, қабули “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат даъват карданд, ки барои зиёд кардани ҳиссаи энергияи таҷдидшаванда дар давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ сармоягузории кишварҳои мутараққӣ бештар карда шавад.

Ҳамчунин, зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари худро оид ба афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим, равандҳои биёбоншавӣ, хушксолӣ, таназзули замин ва шиддат гирифтани дигар офатҳои муҳитзистӣ иброз намуда, барои пешгирӣ аз ин падидаҳо роҳандозии иқдомоти муштаракро амри муҳим шумурданд.

Бояд гуфт, ки масоили марбут ба об, хосатан дар кишварҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои маҳсур дар хушкӣ аҳамияти бештар доранд.

Тоҷикистон ташаббускори қатъномаҳои обии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аст ва дар ин масъала бо тамоми шарикони байналмилалӣ ҳамкориҳои босамар дорад. Қатънома дар хусуси эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки ҳоло дар раванди татбиқ қарор дорад, аз ҷумлаи ин ташаббусҳост.

Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола, инчунин, Рӯзномаи амалиёти об, ки дар натиҷаи Конфронси оби таърихии Созмони Милал моҳи марти соли равон қабул гардид, ба иҷрои саривақтии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар кишварҳои маҳсур дар хушкӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои ташвишовари замони муосир мебошад. Таъсири пайомадҳои манфии ин раванд барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.

Аз ин ру, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз аҳаммияти қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ёдовар шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд дар амри амалӣ намудани муқаррароти қатъномаи мазкур иброз доштанд.

“Тоҷикистон итминон дорад, ки ин иқдом барои андешидани тадбирҳои дастаҷамъонаи амалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид”, иброз доштанд Сарвари давлат ва бо истифода аз фурсат, аз иштирокчиёни чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ даъват намуданд, ки дар чорабиниҳои Раванди оби Душанбе дар соли оянда фаъолона иштирок намоянд.

Previous Post

Бахшида ба 33 – солагии Истиқлолияти давлатӣ

Next Post

Выступление на встрече с активистами, представителями общественности и религиозными деятелями страны

Administrator

Administrator

Next Post
Дар МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” маҷлис бахшида ба ҳисоботи 9-моҳа баргузор гардид

Выступление на встрече с активистами, представителями общественности и религиозными деятелями страны

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

О нас

Государственное научное учреждение «Центр по изучению ледников Национальной академии наук Таджикистана» (далее – Центр) создан постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 марта 2018 года, № 162 и решением Президиума Академии наук Республики Таджикистан от 23 апреля 2018 года, № 52

  • Администрация центра
  • Структура центра
  • История формирования Центра
  • Ученый совет
  • Семинары
  • Отчёты

НАШ АДРЕС

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

   
No Result
View All Result
  • Главная
  • Центр
    • История формирования Центра
    • Структура центра
    • Администрация центра
    • Ученый совет
  • Научные новости
    • Новости
    • Семинары
    • Конференции
  • Деятельность
    • Научно-исследовательская деятельность
    • Научно-образовательная деятельность
    • Сотрудничества
    • Ассоциация женщин-гляциологов
  • Ледники Таджикистана
    • База данных ледников Таджикистана
      • Пульсирующие ледники Таджикистана
      • Ледники бассейна реки Гунд
      • Ледники бассейна Ховаркул
      • Ледники бассейна реки Зеравшан
      • Ледники бассейна реки Кафирниган
    • История изучения ледников Таджикистана
  • Публикации
    • Научный журнал криосфера
    • Книги и монографии
    • Научные статьи
  • ГОД СОХРАНЕНИЯ ЛЕДНИКОВ
    • Резолюция ООН
    • Выступления Лидера нации
    • Мероприятия Центра
  • RU
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2024 Таҳиягар cryosphere.tj