БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

Паёми ояндасоз – омили ҳифзи пиряхҳо ва криосфера

Administrator by Administrator
23.02.2026
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
Паёми ояндасоз – омили ҳифзи пиряхҳо ва криосфера
0
SHARES
0
VIEWS

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке дастовардҳои муҳимтарини кишвар дар даврони истиқлол шуморидан мумкин аст ва Пешвои миллат дар ин замина дар баромадашон таъкид доштанд, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ (2025) ду пешниҳоди Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуд – аввалан бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Илова бар ин, якдилона ҷонибдорӣ шудану қабул гардидани ташаббусҳои дигари Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025)  Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор муаррифӣ менамояд. Хотиррасон менамоем, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускори иқдомҳои созанда ба нафъи башар, ҳомии сулҳу таҳкими амният ва муҳофизи ҳуқуқи инсон шинохта шудааст.

Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ ва захираҳои гидроэнергетикӣ барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ин манбаъҳои табиӣ, ки дар баландкӯҳҳои Помир ва Тиён-Шон ҷойгир шудаанд, таҳти таъсири тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсон бо суръати баланд об мешаванд. Дар ин замина, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, ки дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буд, ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Паём – ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ дастовардҳои соли 2025-ро дар самти ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро баррасӣ карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалиро пешниҳод намуд.

Дар Паёми Президенти кишвар ин масъала ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки ҳифзи пиряхҳо на танҳо масъалаи миллӣ, балки глобалӣ аст, зеро онҳо ба иқлими тамоми сайёра таъсир мерасонанд. Соли 2025 барои Тоҷикистон соли таърихӣ буд, зеро кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои созанда пешниҳод кард ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақт пазируфта шуданд.

Ин қатънома ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ аст. Ғайр аз ин, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд, ки ин низ ба пешниҳоди Тоҷикистон бармегардад. Дар доираи ин сол, дар Тоҷикистон нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалиро ҷамъ овард.

Ин ташаббусҳо на танҳо ба ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим кумак мерасонанд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ солҳои 2025-2034-ро ҳамчун “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” эълон кард, ки ин ба рушди васеъи таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.  Дар Паёми Президенти мамлакат сиёсати дохилии кишвар дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири рушди устувор эътироф шудааст. Муассисаҳои илмӣ вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти худро дар самти ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши криосфера васеъ гардонида, тадқиқотҳоро дар сатҳи байналмилаӣ ба роҳ монанд.

Яке аз пешниҳодҳои муҳим дар Паёми навбатӣ, табдили додани Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмии  “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” мебошад. Ин пешниҳод барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқот ва ҷалби мутахассисони ҷавон равона шудааст. Зимни ироаи Паём, Президенти кишвар самтҳои ояндаро барои ҳифзи пиряхҳо муайян кардаанд. Аз ҷумла, зарурати таъсиси фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мисоли он буд. Ин фонд метавонад барои маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ ва ҳифзӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ кумак расонад. Ҳамчунин, вазифаҳо ба муассисаҳои илмӣ ва ҳукуматӣ гузошта шуданд, то фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро дар самти криосфера ва мубориза бо тағйирёбии иқлим густариш диҳанд. Ин чораҷӯиҳо на танҳо барои ҳифзи пиряхҳо, балки барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамияти хосса доранд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки ҳифзи пиряхҳо ҳамчун самти стратегӣ ва ҷаҳонӣ барои кишвари мо муайян шудааст. Дастовардҳои байналмилалӣ, аз қабили қабули қатъномаи СММ ва эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, натиҷаи сиёсати фаъоли хориҷии Тоҷикистон аст. Дар сатҳи дохилӣ, пешниҳодҳои табдили муассисаҳои илмӣ ва густариши таҳқиқотҳо барои ҳалли мушкилоти муосир мусоидат мекунанд.

Ин масъалаҳо на танҳо барои ҳифзи муҳити зист, балки барои ояндаи мардуми Тоҷикистон ва тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҳар як шаҳрванд ва муассисаҳои давлатӣ бояд дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳм гузоранд, то пиряхҳои мо барои наслҳои оянда ҳифз шаванд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар ин самт метавонад намунаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бошад.

Ба хулосаи  мо, чунин масъалагузорӣ талаби давр ва тақозои замони муосир аст. Зеро рушди ҷомеа бар асоси пешрафту навоварӣ побарҷост ва маҳз дар амалӣ намудани имконият ва афзалиятҳои иқтисоди сабз, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ руҳи замон падидор мешавад. Яъне, Паём тантанаи давлату низом, зуҳури тозаи афкори навин, рушноии роҳи бардавом ва сапедии субҳу рӯшноии шом аст.

 

Камолова Дилбар- корманди МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

Previous Post

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Next Post

23 – ФЕВРАЛ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Administrator

Administrator

Next Post
23 – ФЕВРАЛ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 - ФЕВРАЛ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ