Таҳти унвони “Омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари Паёми Президент: аз сиёсат то амал” дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо мақсади шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ доир гардид.
Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Шерализода Н. Ш., ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар робита ба масъалаҳои илму маориф, тайғирёбии иқлим, тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ сухан намуда, инчунин иброз намудаанд, ки Пешвои муаззами миллат махсусан масъалаи омӯзиши пиряхҳоро яке аз самтҳои муҳимми илмӣ ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо номидаанд. Ин аст, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд.
Дар ҳамоиш академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, професор Имомзода М.С., оид ба самтҳои муҳими Паём, қайд намудаанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун роҳнамоии муҳим ба фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ асос мегузорад, олимони ҷавон барои азхуд кардани илму технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва навиштани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ даъват карда шуданд. Қайд карда шуд, ки ба ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера, донишу навоварӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, махсусан ҷавонон дар ин самт бояд қадамҳои устувор гузошта, бо азхуд намудани нозукиҳои технологияи навин барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа талош намоянд.
Дар баробари ин муовини директори Маркази мазкур Наимӣ А. Қ. дар баромади худ иброз намудаанд, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисоди воқеӣ ва молияи давлатӣ ноил гардидааст. Афзоиши чандинкаратаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими пойгоҳи даромадии буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имкониятҳои сармоягузорӣ далели татбиқи сиёсати мутавозин ва самараноки иқтисодӣ мебошанд.
Махсусан оид ба гузариш ба иқтисодӣ рақамӣ истода, қайд намудаанд, ки ин як модели иқтисодӣ ва идоракунӣ мебошад, ки бевосита ба рушди иқтисодиёт алоқамандии зич дошта, ба коҳиш ёфтани омилҳои инсонӣ фишангӣ таъсиргузор аст ва ба ин васила ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонад
.


