БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

Муарифии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои Криосфера дар сатҳи ҷаҳонӣ

Administrator by Administrator
16.06.2025
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
Муарифии Даҳсолаи байналмилалии амал оид  ба илмҳои Криосфера дар сатҳи ҷаҳонӣ

CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 85

0
SHARES
0
VIEWS

13 августи соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”, ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса пешбарӣ гардида буд, якдилона қабул карда шуд.

Бо қабул гардидани ин Қатънома, бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла ба роҳ мондани тадқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ба талошҳои рушди устувор, солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.

Дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои узви СММ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, даъват ба амал оварда шуд, ки тавассути пешбурди фаъолиятҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва бар асари ин тағйирот, дар криосфера дар ҳама сатҳҳо мусоидат намуда, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.

Омодагӣ ва аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар кори он беш аз 2,6 ҳазор мутахассисон аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доштанд, яке аз иқдомҳои бесобиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонн дар ин самт гардид.

Ба анҷом расидани кори конфронси мазкур муддати на он қадар тулонӣ нагузашта, 8 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, дар шаҳри Нитсаи Фаронса, иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки  Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳамчун яке кишварҳои ташаббускор иштирок дорад.

Ҳамоиши мазкур дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус баргузор гардида, дар кори он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, инчунин Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок намуданд.

Пешвои муаззами миллат аз вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, инчунин таъсири он ба муҳити зист, обшавии босуръати пиряхҳо, нарасидани оби ошомиданӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар  ҳалли ин мушкилот хотиррасон карда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

Сарвари давлати тоҷикон аз  тадбирҳои зарурии андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва таъмини устувории муҳити зист ёдовар шуда, иброз доштанд, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ, таи 20 соли охир, дар сафи пеши ҳалли масъалаҳои обу иқлим мебошад ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодҳои он дар ин радиф ҷонибдорӣ ва мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд надмуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера возеҳу равшан тасдиқ кард.

Роҳбари давлат инчуни таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон, дар охири моҳи майи соли равон, дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал, дар шаҳри Душанбе баргузор намудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуд ва изҳор дошт, ки конфронси мазкур барои дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар рафти суханронӣ зикр карда шуд, ки раванди коҳишёбии криосфера метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ таъсири назаррас расонда, ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ намояд.

Дар ин радиф Пешвои муаззами кишвар  таъкид доштанд, ки ба инобати аҳаммияти пиряхҳо, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Дар охири баромади худ Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҷиҳати ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо ҳамкориҳо густариш дода шаванд.

Аз ин рӯ мо, ҷониби Тоҷикистон, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи талошу заҳматҳои доимии Пешвои муаззами миллатамон, баргузории чунин ҷамъомадҳои ниҳоят муҳимро қадами муҳим барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои табиӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро барои татбиқи саривақтии натиҷаҳои онҳо изҳор медорем.

 

Шомаҳмадов А.М. , Сафаров М.Т. – ходимони илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”

Previous Post

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСОСИ РУШДУ НУМУИ ҶАВОНОН

Next Post

Рахна шудани кӯлҳои пиряхи Саид Нафисӣ (Баралмас) сабаби обхезӣ гардиданд

Administrator

Administrator

Next Post
Рахна шудани кӯлҳои пиряхи Саид Нафисӣ (Баралмас) сабаби обхезӣ гардиданд

Рахна шудани кӯлҳои пиряхи Саид Нафисӣ (Баралмас) сабаби обхезӣ гардиданд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ