БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

КРИОСФЕРА, ИҚЛИМ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ: МАСЪАЛАҲОИ КУНУНӢ ВА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Administrator by Administrator
16.10.2025
in Хабарҳо
0
КРИОСФЕРА, ИҚЛИМ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ: МАСЪАЛАҲОИ КУНУНӢ ВА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
0
SHARES
0
VIEWS
Санаи, 13 октябр дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе бо ибтикори Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ таҳти унвони “Криосфера, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ” Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шерализода Назриалло ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки таназзулёбии босуръати пиряхҳо имрӯз ба як буҳрони глобалии замони муосир табдил ёфта, он барои ояндаи босуботи башарият ва рушди устувор нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Таъкид гардид, ки имрӯз мо шоҳиди обшавии босуръати пиряхҳои қутбӣ ва кӯҳию водигӣ, ки ба таври бесобиқа мушоҳида мегарданд, шудаем. Тибқи арзёбии коршиносон соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ 600 гигатонна оби ошомиданӣ ба уқёнуси ҷаҳонӣ бебозгашт ворид гашт ва ин сабаби баландшавии сатҳи оби уқёнуси ҷаҳонӣ гардид.
Гуфта шуд, ки 93 фоизи масоҳати кишвари моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, сарчашмаи ташаккулёбии 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошад. Натиҷаи мушоҳидаҳои глятсиологӣнишон медиҳанд, ки дар давоми даҳсолаҳои охир таназзулёбии пиряхҳо суръати бештар гирифта, дар ин раванд таъсири тағйирёбии иқлим бештар мушоҳида мешавад. Натиҷаи таҳлилҳо ва мушоҳидаҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар ҳудуди кишвари мо давоми даҳсолаҳои охир ҳаҷми пиряхҳои бузург то 30% кам гашта, шумораи зиёди пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтаанд.
Тибқи омори мавҷуда аз 14 000 пиряхи дар соли 2001 ба қайд гирифташуда то соли 2024 бештар аз 1300 адади он комилан аз байн рафтаанд, ки тибқи назарияҳои илмӣ ин раванд бо баландшавии ҳарорати миёнаи сатҳи замин рабт дода мешавад.
Бояд гуфт, ки натиҷаи таҳлилҳои метеорологӣ нишон медиҳанд, ки дар минтақаҳои баландкӯҳӣ ҳарорати ҳаво рӯ ба афзоиш дошта, боришоти атмосферӣ кам гардидааст, дар минтақаҳои водигӣ бошад зиёдшавии ҳарорат боришоти атмосфериро зиёд намудааст, ки ин аз тағйирёбии равандҳои метеорологӣ шаҳодат медиҳад.
Дар асоси арзёбии коршиносон, ҳангоми зиёд гардидани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, мутаносибан ҳаҷми зарари иқтисодӣ низ ба давлатҳои осебпазир афзоиш меёбад ва дар сурати то ду дараҷа (2°C) боло рафтани ҳарорати ҳаво, нобуд шудани сеяки пиряхҳои мавҷудаи ҷаҳон пешбинӣ мегардад. Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ намуда истодааст.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон Стратегия ва барномаҳои давлатии мақсаднок қабул гардида амалӣ карда шуда истодаанд, ки барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, хусусан пиряхҳо аз тағйирёбии иқлим равона гаштаанд. Айни замон “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030”, ки ҷиҳати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст, амалӣ карда мешавад. Тибқи супориши ҳукумати кишвар, бо дарназардошти ташаббусҳои ҷаҳонии қабулгардидаи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ва “Даҳсолаи байналмиламилалии амал барои илмҳои криосфера, 2025- 2034” ва таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмилу таҳрири ин барнома дар назар дошта шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ Томас Стокер – раиси бунёди хотираи ях, Хонум Денис Люти Кришан – директори Идораи ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Хонум Кейко Фурута – сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ маъруза намуданд. Инчунин, аз ҷониби пажуҳишгарони Швейтсария лоиҳаи Помир, ки тибқи он бо олимони кишвари мо ҳамкориро ба роҳ мондаанд, муаррифӣ гардид.
Previous Post

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ: НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ»

Next Post

Семинар оид ба модули «Криосфера» Дар Душанбе олимон роҳҳои муосири омӯзиши пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

Administrator

Administrator

Next Post
Семинар оид ба модули «Криосфера»  Дар Душанбе олимон роҳҳои муосири омӯзиши пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

Семинар оид ба модули «Криосфера» Дар Душанбе олимон роҳҳои муосири омӯзиши пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ