Инъикоси ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шабакаҳои телевезионии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар доираи Форуми ҷаҳонии олимон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 15 то 18 марти соли 2025 дар шаҳри Чендуи Чин бахшида ба 21 март- Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” идома дорад директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шерализода Н.Ш. ба намояндагони воситаҳои ахбори омма мусоҳиба анҷом дод.
Аз ҷумла, мавсуф бо рӯзноманигорони Гуруҳи расонаҳои Чин (CMG) дар бораи ташаббусҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, хусусан соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва шаҳри сабз эълон гардидани шаҳри Душанбе суҳбат ороста шуд.
Боиси ёдоварист, ки аз 15 то 18 марти соли 2025 бахшида ба 21 март- Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Чендуи Чин Форуми ҷаҳонии олимон оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор мегардад.
Форуми мазкур аз 15 то 18 марти соли 2025 идома ёфта, дар он олимону коршиносон, намояндагони муассисаҳои илмии кишварҳои ҷаҳонро ҷиҳатии баррасии проблемаҳои таназулёбии пиряхҳо, таъсири онҳо ба иқлим устувориизахираҳои об ваидоракунии хатарҳои обшавии пиряхҳо ба ҳам овард.
Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутҳид бо пешниҳоди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 соли 2025ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, Фонди боварии баййналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод. Дар доираи қатъномаи мазкур моҳи майи соли ҷорӣ баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.



