Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии зарурат ва аҳамияти қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» ба барномаи “Сиёсат ва ҷомеа”-и Телевизиони Тоҷикистон даъват шуданд.
Ин қатънома 13-уми августи соли 2024 зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» қабул гардид. Даҳсолаи мазкур ташаббуси шашуми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст.
Дар ин радиф 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.