Ғайри ваҳдат роҳи дигар нест, нест!
Шамси дигар, моҳи дигар нест, нест!
Чист Ваҳдат? Осмони поки мост!
Ҳастии хуршед дар афлоки мост!
Камол Насрулло
Ваҳдат-неъмати арзишмандест, ки ба қадри он ҳамагон бояд бирасем. Он дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои мо, ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо маорифчиён ва аҳли зиёву адабро лозим аст, ки тавассути соатҳои дарсӣ, дастовардҳои эҷодӣ ва китобу гузоришҳоямон ба воситаи садову симо онро ба самъи меваҳои ширини замони Истиқлол-кӯдакону наврасон расонем. Аз овони хурдӣ метавон муҳаббат ва самимияти онҳоро нисбат ба Тоҷикистони озоду обод, заҳматҳои бесобиқаи фарзанди фарзонаи меҳан –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бедор намуд. Дар ин самт раҳнамои мо омӯзгор ва китоб бояд бошад.
Имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Маскав, ки ба таърихи 27-уми июни сили 1997 ёд мешавад, дар ҳошияи бузургтарин ходисаҳои сиёсии ҷаҳон дар охири қарни ХХ қарор хоҳад дошт. Таърихи инсоният то ин дам ёд надошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваре ба ин зуди поён ёбад ва тарафҳои даргир бо дарки воқеияти зиндагӣ ба ҳам оянд.
Маҳз бо талошу кушишҳои пайгарона ва сиёсати дурандешу хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ҷиҳҳатҳои беҳдошти вазъи сиёсӣ дар навбати аввал ваҳдати миллиро ба миён орем.
Баробари ба даст овардани Ваҳдат дар кишвари мо марҳилаи нав оғоз ёфт. Нобоварӣ ва мухолифат аз байн бардошта ва ниҳоят замони ҳамкории дастҷамъона баҳри ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократии ҷомеа, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз моро таъмин месозад, баҳри кор ва зиндагии осоишта барои ҳар як узви ҷомеа шароит муҳаё мекунад ба миён омад. Дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие, ки таи даҳ соли охир дар кишвари мо ба миён омадаанд ҳамааш самараи Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Ин сатрҳои боло мо аҳли зиё, кормандони соҳаи маорифро водор ба он менамояд, ки нахуст, худ худшиносу худогоҳ ва даркунандаи эҳсоси баланди ватандорӣ бошем. Насли наврасу ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ омода намуда, талош намем, ки манфиати давлату миллат ва ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар аз масъалаҳои меҳварии тафаккури насли наврас бошад. Зеро давлати соҳибистиқлолу озод ба насли худшиносу худогоҳ ва зираку боҳӯш сахт эҳтиёҷ дорад. Ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилӣ ягона неъматест, ки бе тафаккуру андешаи солим, бе насли худшиносу худогоҳ онро нигоҳ доштан маҳол аст.
Саидҷаъфар ШОҲЗОДА- ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон