БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

Ваҳдати миллӣ – заминаи сулҳ, устуворӣ ва пешрафти Тоҷикистон

Administrator by Administrator
16.06.2025
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
Ваҳдати миллӣ – заминаи сулҳ, устуворӣ ва пешрафти Тоҷикистон
0
SHARES
0
VIEWS

Дар моҳи июли соли 1997, бо шукӯҳ ва рӯҳбаландии хос, дар саросари ҷумҳурӣ сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил ёфтанд. Рӯзи 18-уми июли ҳамон сол дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Маҷлиси муассисони ин ҳаракат баргузор гардид, ки он як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати виллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо иттифоқи комил Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ интихоб гардиданд.

Дар ин ҷамъомад, Эмомалӣ Раҳмон вазифа ва ҳадафҳои асосии ҳаракатро муайян намуда, таъкид карданд, ки таҳкими давлатдорӣ, пойдории сулҳу оштӣ ва риояи арзишҳои демократӣ бояд дар меҳвари сиёсати миллӣ қарор гиранд. Вай ваҳдатро на танҳо як ғоя, балки рукни аслии рушди давлат ва заминаи асосии пешрафти маънавию иқтисодӣ донист.

Пешвои миллати кишвар дар интихоби аъзои ҳаракат ба сифатҳои ахлоқии шахсиятҳо аҳамияти махсус дода, изҳор доштанд, ки дар сафи ин созмон бояд фарзандони содиқ, ватандӯст ва фаъолони ҷомеа гирд оянд — одамоне, ки дарду ниёзҳои мардумро эҳсос мекунанд ва миллату давлатро болотар аз манфиатҳои шахсӣ медонанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар шароити вазнини баъдиҷангӣ ба таъмини сулҳу субот ва раванди барқарорсозии кишвар шурӯъ намуданд. Бо роҳбарии ӯ, музокироти сулҳ бо мухолифин ба роҳ монда шуда, дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар шаҳри Маскав анҷом пазируфт. Ин санади таърихӣ пояи ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдорро гузошт.

Интихоби Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 як гардиши муҳими сиёсӣ ва оғози марҳилаи нави таърихӣ барои кишвар буд. Пешвои миллати кишвар бо иродаи қавӣ ва сиёсатмадории дурандешона роҳ ба сӯи сулҳу субот ва барқарорсозии давлатро пеш гирифт.

Натиҷаи ин талошҳо он шуд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, зина ба зина ба тараққиёти устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ расид. Ба Ватан бозгашти беш аз як миллион гурезаи иҷборӣ, ҳамгироии гурӯҳҳои мухолиф ва амалӣ шудани ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ далели рушду устуворшавии кишвар мебошанд.

Маҳз ваҳдат боис гардид, ки миллати тоҷик аз гирдоби низоъ раҳ ёфта, ба роҳи бунёдкорӣ ворид гардад. Сулҳу суботи ҷомеа, ки бо талошу иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати виллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омад, Тоҷикистонро ба ҷомеаи рӯ ба рушд табдил дод. Имрӯз ваҳдат ва иттиҳоди тоҷикон мавриди омӯзиши созмонҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки нишонгари мақоми рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бо таъкиди Пешвои миллат: «Агар ниҳоле бошад, ки ҳамеша меваи ширин медиҳад, ин ҳамон сулҳу ваҳдат аст». Ин ниҳол, ки имрӯз самар медиҳад, боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯст аст. Он замина гузошт ба муносибатҳои нави давлатӣ, равобити байналмилалӣ, сохтмони роҳҳо ва дастрасии кишвар ба уқёнусҳои ҷаҳон. Сохтмони роҳҳо ба монанди Қурғонтеппа–Кӯлоб ва шоҳроҳи Ваҳдат намунаи равшани таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихии Роҳи Абрешим мебошанд.

Дар ҳақиқат, ваҳдати миллӣ пояи гулгулшукуфтани Ватан аст. Давлате, ки дар он сулҳу оромӣ ҳукмфармо аст, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ рушд мекунад, сатҳи зиндагии мардум боло меравад. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, миллати парешон сарҷамъ гардид, давлат обод шуд ва имрӯз чеҳраи ҳар як тоҷик пур аз шодиву оромист.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз намунаҳои беназири таърихист. Баъд аз нофаҳмиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ, мардуми тоҷик бо роҳандозии гуфтугӯ, бахшиш ва гузашт ба сулҳу ризоияти миллӣ расид. Чуноне Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ин таҷрибаи мусолиматомез дар муддати кӯтоҳ дар ҷаҳони муосир камназир буд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати гаронбаҳо заминаи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар гардид. Барқарории субот имкон дод, ки гурезаҳо баргарданд, сохтори давлатӣ тақвият ёбад ва ҷомеа ба ояндаи умедбахш рӯ орад.

Хулоса, чун фарзанди бедордилу боғайрати миллат, аз ин сулҳу ваҳдати пойдор фахр мекунам. Он заминаи суботи миллат ва кафолати ояндаи дурахшон аст. Ваҳдат – сутуни давлат, рамзи ҳастии миллат ва шарти асосии пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад.

 

Ходими илмии МДИ

“Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”                                Шарипова Ш.А.

Previous Post

Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Next Post

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲУ ОРОМӢ

Administrator

Administrator

Next Post
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲУ ОРОМӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ СУЛҲУ ОРОМӢ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ