Санаи 19 июни соли 2025 дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, вазифаҳо ва дурнамои Шӯъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адабтатсия баргузор гардид.
Мудири шуъбаи мазкур номзади илмҳои география Ҳомидов Анвар муфассал оид ба дастовардҳои илмӣ, мушкилиҳои ҷойдоштаи дар ин самт ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот пешниҳод намуд. Дар кори семинар олимону собиқадорони Марказ, мутахассисони ҷавон ва магистрону докторантон иштирок намуданд.
Аз рӯи муҳокимарониҳо оид ба роҳандозии самтҳои нави таҳқиқотҳои илмӣ, ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ пешниҳоди мушахас ироа гардид.