Анҷумани “Занони пиряхшинос”-и Муассисаи давлатии илмии “Маркази омузӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бонувони мутахассисро, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳо машғуланд мутаҳид менамояд.
Анҷумани “Занони пиряхшинос” дар доираи “Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2030” ва баҳри муаррифии сиёсати имрӯзаи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсис ёфта, кору фаъолияташро боз ҳам васеъ намуда истодааст.
Анҷумани мазкур маъолияти худро баҳри ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо, ташаккули донишу малакаи занон оид ба гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо равона намуда аст.
Вазифаҳои анҷуман
- Фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар самти таҳқиқоти илмӣ ва бунёдии омӯзиши пиряхҳо;
- Ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо
- Сайқал додани дониш ва малакаи занон оид ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ;
- Таблиғи донишҳои илмӣ ва интишори иттилоот дар бораи таҳқиқоту дасовардҳои илмии Марказ.