БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN
   
No Result
View All Result
   
No Result
View All Result

Алоқамандии пиряхҳо ва заминҷунбиҳ

Administrator by Administrator
03.09.2025
in Мақолаҳои илмӣ омавӣ
0
Алоқамандии пиряхҳо ва заминҷунбиҳ
0
SHARES
0
VIEWS

Донишмандони Донишгоҳи Колорадо тағирёбии иқлимро ба афзоиши зудии заминҷунбиҳо рабт медиҳанд. Таҳлили тарқишҳо (разломы) дар қаторкӯҳҳои Сангре де Кристо дар ҷануби Колорадо нишон дод, ки обшавии пиряхҳо пас аз давраи яхбандии охирин метавонад фаъолияти сейсмикиро афзоиш диҳад. Дар давраи яхбандии охир бошад пиряхҳо бо сабаби вазни зиёд доштанашон ба тарқишҳои қад-қади қаторкӯҳ фишори ҷиддӣ ворид намуда, ҳаракати онҳоро маҳдуд мекарданд. Аммо бо коҳиш ёфтани пиряхҳо, сарборӣ ба тарқишҳо кам шуда, боиси афзоиши лағжиши қад-қади онҳо гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо гарм шудани иқлим ва инчунин ақиб нишастани пиряхҳо, фаъолияти сейсмикӣ дар ин минтақаҳо метавонад афзоиш ёбад.

Натиҷаи тадқиқотҳо нишон доданд, ки пас аз обшавии пиряхҳо суръати лағжиш дар қад-қади тарқишҳо нисбат ба давраи зери яхбандӣ будани минтақа панҷ баробар меафзояд.

Заминҷунбии соли 1958 дар Аляска бо шиддати 7,8 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер, низ далели он буд, ки дар натиҷаи обшавии шадиди пиряхҳо замини аз яхбандӣ озодшуда шакли аслии худро ба таври чандирӣ (бо ҷаҳиш) барқарор кард. Сабабаш он буд, ки дар Аляска пиряхҳои калонтарини ҷаҳон ҷойгир буда, вазнашон миллионҳо тоннаро ташкил медиҳад ва зери вазни онҳо замин хам мезанад. Вақте ки пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ мекунанд, замини як дафъа хам шуда ҷои пешинаашро гирифта, ин таъсирро ба плитаҳои тектоникӣ медиҳад ва ин боиси заминҷунбӣ мегардад. Ин гуна ҳодисаҳо аллакай дар дигар минтақаҳои аз ҷиҳати тектоникӣ на он қадар фаъол, аз қабили қисматҳои дохилии Канада ва Скандинавия низ, ба амал омадаанд.

То вақтҳои охир сейсмологхо чунин мешумориданд, ки заминҷунбиҳои шиддатнокиашон аз рӯи ҷадвали Рихтер 7-балла ва аз он зиёдтар, дар рӯи замин дар як моҳ як-ду маротиба ба амал меоянд. Аммо, чунон ки маълум гардид, дар рӯи замин ҷойҳое низ мавҷуданд, ки дар онҳо ин гуна заминҷунбиҳо рӯзе ду маротиба ба амал меоянд ва ин макон Антарктидаи Ғарбӣ мебошад.

Вақте ки дар ибтидои асри ХХ сейсмологи америкоӣ Дуглас Уинс аз университети Сент-Луиси шаҳри Вашингтон ва ҳамкасбони ӯ дар ин минтақа датчикхои сейсмикиро гузоштанд, онҳо аз сигналҳои (навиштаҳои)  қайдкардаашон дар ҳайрат монданд. Гап сари он буд, ки дар ҳар 12 соат мавҷҳои сейсмикӣ бо энергияи умумии ба заминҷунбии 7 балла аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар, дар саросари Антарктидаи Ғарбӣ паҳн мешуданд. Акси ин сигналҳо ҳазорҳо километр дуртар аз Антарктида – тавассути сейсмографҳои дар Австралия насбшуда низ сабт шуда буданд.

Ин, дар мавриди аввал, метавонад тааҷҷубовар ба назар расад, аммо муҳаққиқони сершумори дар Антаритидаи Ғарбӣ фаъолиятдошта – махсусан пиряхшиносон ва муҳаққиқони зиёди тағирёбии иқлим, дар робита ба ин заминҷунбиҳои ҳаррӯзаи дар пиряхҳо баамаломада ҳеҷ гуна нороҳатиро эҳсос накарданд. Гузашта аз ин, онҳо ин заминҷунбиҳоро пай низ набурданд.

Гап сари он аст, ки заминҷунбии маъмулии аз рӯи ҷадвали Рихтер 7-балла, ҳамагӣ чанд сония давом карда, боиси ларзиши шадиди қишри замин мегардад. Заминчунбиҳое, ки Уинс мушоҳида карда буд, аз 10 то 23 дақиқа давом мекард, яъне аз заминҷунбиҳои муқаррарӣ садҳо баробар сусттар буда,  шиддаташон аз 2-3 балл зиёд набуд. Чун қоида, барои пай бурдани чунин сигналҳо сейсмографҳо ва биноҳои бисёрошёна лозиманд, ки аз ҳолати ашёҳои дар онҳо буда фаҳмида шавад, ки замин ҷунбида истодааст, аммо дар Антарктидаи Ғарбӣ ягон бинои баланде нест, ки дар он ҳангоми ин гуна заминҷунбиҳо қандилҳо ба лапидан даромада, шиддати заминҷунбиро муайян кунанд.

 

Алишо Шомаҳмадов – ходими пешбари илмии Маркази

омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

номзади илмҳои физикаю математика

Previous Post

Пиряхи Туэйтс, ё пиряхи “Рӯзи қиёмат”

Next Post

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ

Administrator

Administrator

Next Post
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

President

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Директори Марказ
Шерализода Назриало Шерали

math

2025-Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо

Sayoh

Анимация

ДАР БОРАИ МО

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (минбаъд – Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162, қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст

  • Маъмурияти Марказ
  • Сохтори марказ
  • Таърихи ташакулёбии Марказ
  • Шӯрои олимон
  • Семинарҳо
  • Ҳисоботҳо

НИШОНИИ МО:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел: +992 888122121

Факс: (+992 37) 2277735

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ

   
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • МАРКАЗ
    • Таърихи ташкилёбии Марказ
    • Сохтори Марказ
    • Маъмурияти Марказ
    • Шӯрои олимон
    • Ходимони илмӣ
  • Навидҳои илмӣ
    • Навидҳо
    • Конференсияҳо
    • Семинарҳо
  • Фаъолият
    • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
    • Фаъолияти илмӣ-таълимӣ
    • Ҳамкорӣ бо шарикони рушд
    • Анҷумани занони пиряхшинос
  • Пиряхҳои Тоҷикистон
    • Маҳзани маълумот дар бораи захираҳои пиряхҳои
      • Пиряхҳои набзонии (Пульсирующие) Тоҷикистон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунд
      • Пиряхҳои ҳавзаи кӯли Ховаркӯл
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон
      • Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон
    • Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон
  • Интишорот
    • Маҷалаи илмии криосфера
    • Китобу монографияҳо
    • Мақолаҳои илмӣ оммавӣ
  • СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
    • Қатъномаи МУСММ
    • Баромадҳои Пешвои миллат
    • Чорабиниҳои Марказ
  • TJ
    • TJ
    • RU
    • EN

© 2025 Таҳиягар: ADMIN.TJ